Боздошти 3 сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба гумони муомилоти пулҳои қалбакӣ

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 41, 40 ва 33-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қимматноки қалбакӣ дастгир карда шуданд. Гуфта мешавад, номбурдагон санаи 28-уми январи соли 2020 бо маслиҳати пешакӣ бо мақсади […]

Asia-Plus

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 41, 40 ва 33-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё қоғазҳои қимматноки қалбакӣ дастгир карда шуданд.

Гуфта мешавад, номбурдагон санаи 28-уми январи соли 2020 бо маслиҳати пешакӣ бо мақсади ба даст овардани фоида ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ машғул шудаанд ва зимни азназаргузаронӣ аз онҳо 55 ҳазор рубли русии қалбакӣ ва 3 ҳазору 500 сомонӣ гирифта шудааст.

Зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршавандагон бо моддаи 281 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Тайёр кардан  бо мақсади ба муомилот баровардан ё ба муомилот баровардани билетҳои қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон, танга ё  қоғазҳои қиматноки қалбакӣ бо асъори Тоҷикистон, асъори хориҷӣ ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ бо асъори  хориҷӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз гардида,  тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.