Муовини сарвазир комиссарони ҳарбии ба хунукназарӣ роҳдодаро ҷазо дод

Муовини сарвазири Тоҷикистон, роҳбари комиссияи ҷумҳуриявии даъват ба хизмати ҳарби Азим Иброҳим аз рӯйи натиҷаи фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо дар даъвати тирамоҳии соли 2019 ба 34 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ ҷазоҳои интизоми ҳарбӣ то озод намудан аз вазифаи ишғолнамуда ҷазо эълон кард. Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, дар ҷаласаи ҷамъбастии даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати […]

АМИТ “Ховар”

Муовини сарвазири Тоҷикистон, роҳбари комиссияи ҷумҳуриявии даъват ба хизмати ҳарби Азим Иброҳим аз рӯйи натиҷаи фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо дар даъвати тирамоҳии соли 2019 ба 34 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ ҷазоҳои интизоми ҳарбӣ то озод намудан аз вазифаи ишғолнамуда ҷазо эълон кард.

Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, дар ҷаласаи ҷамъбастии даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2019 қайд шуд, ки 6 комиссари ҳарбии вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Шоҳмансур ва ноҳияи Шуғнон бинобар ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти хизматиашон ва сабабҳои дигар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд.

Гуфта мешавад, бо дарназардошти таҳлилҳои гузаронида, муовини сарвазири мамлакат натиҷаи фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳоро дар даъвати тирамоҳии соли 2019 нокифоя баҳодиҳӣ намуд.

Азим Иброҳим таъкид дошт, ки бо вуҷуди  пеш аз муҳлат иҷро гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, усул, тарз ва сифати корҳои анҷомдода дар ин самт ба талабот ҷавобгӯ набуд.

Нисбат ба комиссарони ҳарбии шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сардорони шуъбаҳои даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Кӯшониён, Ваҳдат, Ҳисор ва Рӯдакӣ ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуд.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ки бинобар сабаби роҳ додан ба баъзе  камбудиҳо дар рафти маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ нисбат ба комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Кӯлоб, Ҳисор, Варзоб, Истаравшан, Турсунзода, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Нуробод, Сино, Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонӣ  тадбирҳои  зарурии дахлдор андешида шавад.

Муовини сарвазир аз фаъолияти комиссияҳои тиббӣ низ эродҳои ҷиддӣ гирифта, бо тарзи иҳотагирӣ (облава)  ҷалб намудани ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ як амали номатлуб  номид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.