Тӯли 10 рӯз дар Ухан барои 1000 ҷой бемористон сохтанд

Рӯзи 2 феврал дар шаҳри Ухани Чин, ки сарчашмаи паҳншавии навъи нави коронавирус шуморида мешавад, сохтмони яке аз ду бемористон барои сироятёфтагон ба анҷом расид. Госпитал барои 1000 ҷой дар муддати 10 рӯз сохта шуд. Тавре Медуза хабар медиҳад, аз 3 феврал ин бемористон ба қабули сироятёфтагон шурӯъ мекунад. Дар беморхонаи нави дар шаҳри Хошэншан […]

Asia-Plus

Рӯзи 2 феврал дар шаҳри Ухани Чин, ки сарчашмаи паҳншавии навъи нави коронавирус шуморида мешавад, сохтмони яке аз ду бемористон барои сироятёфтагон ба анҷом расид. Госпитал барои 1000 ҷой дар муддати 10 рӯз сохта шуд.

Тавре Медуза хабар медиҳад, аз 3 феврал ин бемористон ба қабули сироятёфтагон шурӯъ мекунад.

Дар беморхонаи нави дар шаҳри Хошэншан сохташуда беморонро наздики 1,4 ҳазор нафар табибони ҳарбӣ муолиҷа хоҳанд кард, ки махсус бо ин мақсад ба вилоят сафарбар шудаанд.

Тавре хабаргузории «Синхуа» иттилоъ медиҳад, бемористон бо модели госпитали «Сяотаншан» дар Пекин бунёд гардидааст, ки соли 2003 барои мубориза бо варами шуши ғайримаъмулӣ сохта шуда буд.

Сохтмони муассисаи тиббӣ рӯзи 24 январ оғоз гардид. Нахуст анҷоми корҳо дар 6 рӯз пешбинӣ шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.