Шаҳрдории Душанбе ба кам кардани маршруткаҳо идома медиҳад

Шаҳрдории Душанбе барои бартараф кардани мушкили танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт қарори навбатӣ қабул кард.  Шурӯъ аз имрӯз – 24-уми феврал теъдоди микроавтобусҳо (маршруткаҳо) дар хатсайрҳои №8: “Фурудгоҳи кӯҳна” – маҳаллаи Зарафшон ва №19: Маҳаллаи Пахтакор – маҷмааи савдои “Кӯшониён” кам гардида, шумори автобусҳои мусофирбари тамғаи «AKIA» дар ин самтҳо зиёд карда мешавад. Дар навбати […]

Шаҳрдории Душанбе барои бартараф кардани мушкили танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт қарори навбатӣ қабул кард. 

Шурӯъ аз имрӯз – 24-уми феврал теъдоди микроавтобусҳо (маршруткаҳо) дар хатсайрҳои №8: “Фурудгоҳи кӯҳна” – маҳаллаи Зарафшон ва №19: Маҳаллаи Пахтакор – маҷмааи савдои “Кӯшониён” кам гардида, шумори автобусҳои мусофирбари тамғаи «AKIA» дар ин самтҳо зиёд карда мешавад.

Дар навбати худ, шумори автобусҳо дар хатсайрҳои №33 (“Фурудгоҳи кӯҳна – маҷмааи савдои “Кӯшониён) ва №29 (маҳаллаи Пахтакор – МС “Кӯшониён”) афзудааст.

Ёдрас мекунем, аз 3-юми феврал дар хатсайрҳои мусофирбари №2 (маҳаллаи Пахтакор – бозори “Меҳргон”) ва №25 (маҳаллаи Зарафшон – бозори “Меҳргон”) низ шумори микроавтобусҳо кам шуда, бештар хизматрасонии автобусҳо ба мусофирон оғоз гардид.

Таъкид шуд, ки дар ин хатсайрҳо маблағи роҳкиро тариқи низоми “пардохти ғайринақдӣ” бо истифода аз кортҳои нақлиётии пластикӣ пардохта мешавад.

Ба ин васила, шаҳдории пойтахт омодагӣ мегирад, ки дар кӯчаҳои Душанбе тадриҷан микроавтобусҳо аз байн бардошта шуда, ба ҷойи онҳо автобусу троллейбусҳо ба мусофиркашонӣ машғул шаванд.

Дар ҳамин ҳол, айни замон ба сокинони Душанбе тавсия шудааст, микроавтобусҳои навро, ки барои ивази ҳамаи микроавтобусҳои кӯҳна пешбинӣ мешаванд, озмоиш кунанд. Ба онҳо аз се модел имкони интихоб дода шуд. Ин микроавтобусҳо ду моҳ инҷониб бо хатсайри №16 равуо доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.