Осоишгоҳҳои марбут ба домоди президент аз пардохти андоз озод шуданд

Ҳукумати Тоҷикистон осоишгоҳҳои “Шоҳамбарӣ” ва “Зумрад”-ро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ барои ба ҷумҳурӣ ворид кардани таҷҳизот, техника ва масолеҳи сохтмон озод кард. Қарори дахлдори ҳукумат дар ин хусус 8-уми феврали соли ҷорӣ қабул шудааст. Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ вазифадор шудааст, ки назорат ва саривақт гузаронидани расмиёти гумрукии мол, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон осоишгоҳҳои “Шоҳамбарӣ” ва “Зумрад”-ро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ барои ба ҷумҳурӣ ворид кардани таҷҳизот, техника ва масолеҳи сохтмон озод кард.

Қарори дахлдори ҳукумат дар ин хусус 8-уми феврали соли ҷорӣ қабул шудааст.

Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ вазифадор шудааст, ки назорат ва саривақт гузаронидани расмиёти гумрукии мол, таҷҳизот, масолеҳи сохтмон ва техникаи воридшавандаро таъмин кунад.

Имтиёзҳо ба наздики 90 номгӯйи молу таҷҳизот, техника ва масолеҳи сохтмон, ки ба ҶСП “Шоҳамбарӣ” ва ҶСП “Зумрад” оварда мешаванд, аз ҷумла, қандилу унитаз то санги мармару нақлиёти автомобилӣ ва ғайра дахл доранд.

Осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” дар 25 километрии шимолу ғарби шаҳри Душанбе воқеъ буда, яке аз осоишгоҳҳои бузургтарини Тоҷикистон ба шумор меравад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ соли 2016 тариқи тендер бастаи пурраи саҳмияҳои ин осоишгоҳро, ки майдони умумии қаламраваш беш аз 17 гектар аст, бо арзиши 3,1 млн сомонӣ (ҳудуди 395 ҳазор доллар бо қурби ҳамонвақта) фурӯхт.

Ба осоишгоҳ ширкати “Рӯҳафзо-2015” соҳиб шуд, ки Радиои Озодӣ онро ба Зайнулло Соҳибов, бародари домоди президенти кишвар Шамсулло Соҳибов марбут медонад.

Маҷмааи табобативу солимгардонии “Зумрад” солҳои 70-уми асри гузашта дар соҳили дарёи Исфара дар наздикии сарҳадоти муштараки Қирғизистону Ӯзбекистон сохта шудааст. Ин осоишгоҳ дар тамоми Осиёи Марказӣбо бо сарчашмаҳои минералӣ ва лойи муолиҷавии худ маъруф аст.

Охири соли 2015 ҳукумат ин осоишгоҳро бо арзиши 950 ҳазор доллар ба ширкати “Сомон-Суғд” фурӯхт, ки тибқи маълумоти Радиои Озодӣ, онро Нарзулло Соҳибов, боз як бародари домоди президент роҳбарӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.