То охири сол осоишгоҳи «Зумрад» хусусӣ мешавад

Пайрав Чоршанбиев



То охири сол яке аз дармонгоҳҳои бузургтарини Тоҷикистон – осоишгоҳи «Зумрад» ба ихтиёри соҳибмулки хусусӣ дода мешавад.

Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Лочин Файзуллоев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ҷараёни хусусигардонии ин иншоот идома дорад.

Ба гуфтаи ӯ, оид ба масъалаи хусусигардонии осоишгоҳи «Зумрад» тендери дусатҳа эълон шудааст, ки натиҷаҳояш охири сол эълон мешаванд. «Барои хусусигардонии ин иншоот беш аз 10 довталабон ариза доданд, ки миёни онҳо ҳам шахсони ватаниву ҳам хориҷӣ ҳузур доранд», – иброз дошт вай.

Муовини аввали вазир аз ифшои номи доваталабон худдорӣ варзида, қайд кард, ки «ин метавонад ба рақобати солим таъсири манфӣ расонад». «Дар ниҳояти кор довталабе интихоб хоҳад шуд, ки нархи арзанда, беҳтарин тарҳи тиҷоратӣ ва бидуни шубҳа нияти ҳарчи бештар муҳайё кардани ҷойҳои нави кориро пешниҳод мекунад», – илова кард номбурда.


Осоишгоҳи «Зумрад»

дар қисми ҷанубу ғарбии водии Фарғона, дар соҳили дарёи Исфара, дар масофаи 3 километр аз маркази шаҳр, дар нишемангоҳҳои кӯҳҳои Вароруд доман паҳн кардаааст. Мавзеи «Зумрад» ба осорхонаи табиӣ шабоҳат дорад ва зебоманзартарин қисми ноҳияи Исфара ба шумор меравад. «Зумрад» – яке аз марказҳои бузурги табобатӣ ва ташхисӣ буда, то имрӯз 200 ҳазор нафар шаҳрвандонро солим гардонидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...