Имзои тавофуқномаи таърихии ҳамкорӣ байни ДОМ ва Донишгоҳи Кембриҷ

Иттилоияи расмӣ

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) ва Донишгоҳи Кембриҷ рӯзи 25-уми феврали соли 2020 ёддошти тафоҳум имзо карданд, ки заминаи ҳамкориҳои илмиро дар арсаҳои тадқиқотҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва маводи илмиро фароҳам меоварад.

Маросими ба имзо расидани ёддошти тафоҳум дар бинои The Old Schools-и Донишгоҳи Кембриҷ воқеъ дар миёни биноҳои дигари қадимии донишгоҳ бо ҳузури Шоҳзода Заҳро Оғохон, аъзои Шӯрои Парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ректор ва деканҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва намояндагони аршади донишгоҳи Кембриҷ баргузор шуд. 

“Ман аз имзо шудани тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи Кембриҷ ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ хеле хушҳолам”, – изҳор дошт муовини канслери донишгоҳи Кембриҷ профессор Стивен Ҷ. Туп. – Ин тавофуқнома ҳадафҳои моро дар ростои пайдо кардани роҳҳои ҳамкориҳои наздиктар ва саҳм гузоштан дар ҷомеа расмият мебахшад. Ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳо хеле муҳим аст ва ба ин далел донишгоҳи Кембриҷ талош мекунад бо муассисаҳои пештози ҷаҳон ҳамкориҳоро ба роҳ монад. Мо умед дорем, ки ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд (AKDN) самарабахш хоҳад буд”. 

Ин ёддошти тафоҳум бар пойбандии Донишгоҳи Кембриҷ ба меъёрҳои баланди илмӣ ва ҳамкориҳои феълии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ такя мекунад. Интизор меравад, ки ҳамкории ин ду муассиса барои олимон имконият медиҳад, то дар арсаҳои муҳим барои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон аз тариқи созмонҳои Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд (AKDN) тадқиқоти муштарак анҷом диҳанд.

Доктор Шамш Кассим-Лакҳа, раиси Шӯрои Парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Намояндаи дипломатии Ташкилоти Оғохон оид ба Рушд (AKDN) дар Ҷумҳурии Қирғизистон зимни изҳори сипос ба профессор Стивен Ҷ. Туп таъкид кард:

“Донистани ин чиз муҳим аст, ки ёддоште , ки имрӯз онро имзо мекунем, ҳосили эътимод ва талошҳои ҳамкорони мо дар ҳарду донишгоҳ мебошад. Бо дастгирии пайваста ва саховатмандонаи Кембриҷ Траст ва факултаи омӯзиш қадамҳои нахустини ҳамкорӣ дар самти тақвияти ҳайати устодон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ гузошта шуда буданд.” 

“Волоҳазрат Оғохон, Канслери Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҳамеша моро хотиррасон мекунад, ки муваффақияти ҳар донишгоҳ ду меъёр дорад; шуғли хатмкунандагон ва сифати тадқиқот, ки дар донишгоҳҳо анҷом шуда, баъдан ба фоидаи ҷомеаҳо истифода мешавад” – изҳор дошт доктор Кассим-Лакҳа.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000-ум таъсис ёфтааст. Шартномаи таъсисӣ ва Оинномаи ин донишгоҳи хусусӣ, дунявӣ ва ғайритиҷоратӣ аз ҷониби президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Волоҳазрат Оғохон имзо шуда, аз сӯи парлумонҳои ин кишварҳо ба тасвиб расид ва дар Созмони Милали Муттаҳид ба қайд гирифта шуд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ як муассисаи омӯзишии беназирест, ки ба рушди манотиқи кӯҳистон таваҷҷуҳ мекунад. Шаҳракҳои донишҷӯии Мактаби илмҳои гуманитарӣ ва дақиқи ин донишгоҳро меъмори ҷоизадор – Арата Исозакӣ тарҳрезӣ кардааст, ки дар Норини Қирғизистон ва Хоруғи Тоҷикистон қарор доранд. Шаҳраки донишҷӯии Текелӣ дар Қазоқистон феълан дар марҳилаи банақшагирӣ аст. Мактаби олии Рушди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз се донишкадаи тадқиқотӣ иборат аст ва Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори ин донишгоҳро шурӯъ аз соли 2006 150 ҳазор донишомӯз хатм кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...