Сенатор аз Ӯзбекистон маъракаи интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон пайгирӣ мекунад

Узви Сенати Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов ба ҳайси нозири маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон, ки рӯзи 1-уми март доир мегардад, ба Душанбе меояд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз КМИР Тоҷикистон хабар доданд. Абдуқодир Тошқулов тоҷик аст ва ду даъват пайдарпай – аз соли 2009 то 2017 вакили палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон буд. Соли 2017 бо қарори ҳукумати Ӯзбекистон Абдуқодир […]

Узви Сенати Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов ба ҳайси нозири маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон, ки рӯзи 1-уми март доир мегардад, ба Душанбе меояд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз КМИР Тоҷикистон хабар доданд.

Абдуқодир Тошқулов тоҷик аст ва ду даъват пайдарпай – аз соли 2009 то 2017 вакили палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон буд.

Соли 2017 бо қарори ҳукумати Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов ректори Донишгоҳи давлатии Тирмиз таъин шуд. Ҳамон сол узви Сенат (палатаи болоии парлумон)-и Ӯзбекистон интихоб гардид.

Ба ҷуз Тошқулов, намояндагони Ӯзбекистон ба сифати нозирони байнулмилалӣ дар ҳайатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Созмони ҳамкории Шанхай шомиланд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.