Коронавирус ба ҷуз Антарктида, дигар ба тамоми қораҳо паҳн шуд

Хабаргузориҳо аз густариши коронавирус дар саросари дунё иттилоъ медиҳанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ ҶТ, чанде қабл аз сирояти як мард дар Бразилия хабар дода шуд, ки аз сафари Италия баргашта буд. Тавре Folha de S.Paulo ва G1 менависанд, ин аввалин ҳолати тасдиқшудаи коронавирус дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ мебошад. Ҳамин тариқ, ба […]

Хабаргузориҳо аз густариши коронавирус дар саросари дунё иттилоъ медиҳанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ ҶТ, чанде қабл аз сирояти як мард дар Бразилия хабар дода шуд, ки аз сафари Италия баргашта буд.

Тавре Folha de S.Paulo ва G1 менависанд, ин аввалин ҳолати тасдиқшудаи коронавирус дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ мебошад. Ҳамин тариқ, ба ҷуз Антарктида, вируси нав дар тамоми қораҳои сайёра ба қайд гирифта шуд.

Дар маълумоти КҲФ қайд мешавад, ки кашфи беморони гирифтор ба короно дар иддае аз кишварҳо боис шудааст, ки коршиносон Италияро сарчашмаи паҳн шудани ин вирус ба Аврупо донанд. Ахиран Австрия, Хорватия, Швейсария дар Аврупо ва Алҷазоир дар Африқо гуфтанд, ки шаҳрвандони сироятшуда аз Италия баргашта буданд.

“Италия ахиран аз сирояти беш аз 300 нафар ва марги 11 нафар аз вируси короно хабар дод. Аммо бо вуҷуди он ки короно аз Италия ба Аврупо мегузарад, аксари кишварҳои аврупоӣ дар як нишасти изтирорӣ қавл додаанд, ки ҳоло ҳам марзҳои худ бо Италияро боз нигоҳ медоранд”, – қайд мешавад дар маълумот.

Британия донишҷӯёнеро, ки аз таътил дар Италия баргаштанд, ба хонаҳояшон ҷавоб додааст ва ҳамзамон дастурҳои наву мушаххаси эҳтиёт аз сирояти коронавирус нашр ва тақсим карда шудаанд.

Теъдоди мубталоёни короновирус дар Чин ба 80 ҳазор нафар расида, ҳудудан 2700 нафар аз ин беморӣ ҷон додаанд.

Дар Кореяи Ҷанубӣ қариб ҳазор нафар гирифтори вируси Covid-19 шудаанд ва 10 нафар фавтидаанд. 

Марказҳои назорат ва пешгирии ИМА ҳушдор додаанд, ки вируси короно метавонад дар ин кишвар мушкилоти зиёд орад.

Дирӯз дар се нафар мусофирони русиягии киштии «Даймонд Принсесс», ки аз бандари Ҷопон ба шаҳри Қазон интиқол дода шуданд, сирояти коронавирус дар шакли сабук тасдиқ шудааст.

Бино ба маълумоти охир, шумори беморони коронавируси COVID-19 дар саросари дунё 82164 нафарро ташкил медиҳад. Аз оғози паҳншавии он беш аз 2800 нафар фавтида, 32860 кас муолиҷа ва солим шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.