Сӯхтор дар муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи озод”

Date:

Имрӯз тақрибан соати 10:30 дақиқа яке аз ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаи 11-уми муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи озод”, воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе оташ гирифт. Дар ошёнаи мазкур расонаҳои “Оила” ва “Тоҷикистон” ҷойгиранд.

Ҳамаи кормандони муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи озод” ва идораҳои ВАО фавран аз бино берун бароварда шуданд. Ҳеҷ кас осеб надидааст.

Ба ҷойи ҳодиса тақрибан 15 мошини оташнишонӣ ҳозир шуда, дар давоми 20 дақиқа алангаро хомӯш карданд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Аз рӯйи маълумоти пешакӣ, сӯхтор аз сабаби расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ ба амал омадааст.

Дар ҷараёни оташнишонӣ таъмини қувваи барқ дар бино қатъ карда шуд. 

МЕДИА (IFRAME)

Баъд аз хомӯш кардани оташ кормандони “Шарқи озод” ва расонаҳо ба коргоҳи худ баргаштанд.

Хадамоти оташнишонӣ ҳаҷми зарари сӯхтори имрӯзаро муайян мекунанд. 

Қобили зикр аст, ки ду ҳафта пеш хадамоти оташнишонии пойтахт дар муҷтамаъи табъу нашри “Шарқи озод” тамринҳои зиддисӯхтор гузарониданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...