Оғози ирсоли варақаҳои овоздиҳӣ ба қитъаҳои интихоботӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба ирсоли варақаҳои овоздиҳӣ ба қитъаҳои интихоботӣ барои баргузории маъракаи интихобот ба парлумони кишвар ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ки 1 март доир мегардад, оғоз кард. Пас аз расидани варақаҳои овоздиҳӣ ба қитъаҳо онҳо шабонарӯзӣ зери назорату посбонӣ гирифта мешаванд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз КМИР ҶТ хабар доданд, рӯзи 1 […]

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба ирсоли варақаҳои овоздиҳӣ ба қитъаҳои интихоботӣ барои баргузории маъракаи интихобот ба парлумони кишвар ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ки 1 март доир мегардад, оғоз кард.

Пас аз расидани варақаҳои овоздиҳӣ ба қитъаҳо онҳо шабонарӯзӣ зери назорату посбонӣ гирифта мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз КМИР ҶТ хабар доданд, рӯзи 1 март ба тоҷикистониён, ки 4,7 млн нафарашон ҳуқуқи раъйдиҳӣ доранду ба қитъаҳои овоздиҳӣ меоянд, 4 варақа ва дар баъзе қитъаҳо 5 варақаи овоздиҳӣ дода мешавад.

Ба интихобкунандагон варақаҳои зерин дода мешавад:

– 1 варақаи овоздиҳӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ – бо номи ҳизбҳои сиёсӣ;

– 1 варақа барои интихоби вакили парлумон аз ҳавзаи якмандатии интихоботӣ;

– 3 варақа барои интихоби вакилони маҷлисҳои ҷамоат, ноҳия, шаҳр ва вилоят.

Қобили зикр аст, ки дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ, ки дар қаламрави онҳо ҷамоатҳо нестанд, барои овоздиҳӣ 4 варақа мегиранд.

“Варақаҳои овоздиҳӣ, ки якчанд сатҳи ҳимоя доранд, асосан бо забони давлатӣ – тоҷикӣ, ҳамчунин қисмате бо забонҳои русиву ӯзбекӣ ва қирғизӣ нашр шудаанд” – гуфтанд дар КМИР.

Дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳамаи 7 ҳизби сиёсии сабтиномшуда иштирок мекунанд. Ба ҷуз интихобот ба парлумони кишвар, ҳамзамон интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ низ доир мегардад.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, интихоботи парлумонии рӯзи 1-уми март дар он ҳолат баргузоршуда эътироф мегардад, ки дар он аз наздики 4,7 млн нафар интихобкунандагони қайдшуда беш аз 50%-ашон овоз диҳанд.

Барои баргузории интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ 3 ҳазору 371 қитъаи овоздиҳӣ ташкил карда шудааст.

Барои тоҷикистониёни муқими хориҷи кишвар дар қаламравҳои намояндагиҳои дипломатии кишвар 39 китъа амал хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки то анҷоми маъракаи интихоботи парлумонӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Аз 28-уми феврал ҳамаи кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ шабонарӯзӣ дар ҷойҳои корӣ хоҳанд буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.