Сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаштанд

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон то анҷоми маъракаи интихоботӣ дар кишвар ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаштанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД ҷумҳурӣ хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, аз 28-уми феврал ҳамаи кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ шабонарӯзӣ дар ҷойҳои корӣ хоҳанд буд. Реҷаи пурзӯри адои хизмат аз […]

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон то анҷоми маъракаи интихоботӣ дар кишвар ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаштанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, аз 28-уми феврал ҳамаи кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ шабонарӯзӣ дар ҷойҳои корӣ хоҳанд буд.

Реҷаи пурзӯри адои хизмат аз сабаби маъракаи интихоботи парлумонӣ дар ҷумҳурӣ ҷорӣ шуд.

Дар давраи баргузории интихобот ҳамаи ҷойҳои ҷамъиятӣ, макони издиҳоми мардум, бозору хиёбон ва кӯчаҳои тамоми маҳаллаҳои бузурги аҳолинишини кишвар аз ҷониби гурӯҳҳои пурзӯршудаи сохторҳои қудратӣ посбонӣ гардида, зери назорат қарор мегиранд.

Ҳамаи 3 ҳазору 371 қитъаи интихоботӣ, ки рӯзи 1-уми март боз мешаванд, шабонарӯзӣ посбонӣ хоҳанд шуд.

Барои ҳамоҳангсозии фаъолияти кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи баргузории интихобот комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравӣ таъсис дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.