Тоҷикистониён барои адои ҳаҷи умра ба Маккаву Мадина рафта наметавонанд

Asia-Plus

Бар асари хуруҷи коронавирус ҳукумати Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро ба кишвар барои адои маросими ҳаҷи умра муваққатан манъ кард.

Тавре хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад, вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ  дар Twitter  навиштааст, ки “вуруд ба шоҳигарӣ бо мақсади адои маросими ҳаҷи умра ва боздид аз ал-Масҷид ан-Набавӣ (Масҷиди Паёмбар) муваққатан боздошта шуд”.

Ғайр аз ин, воридшавӣ ба шоҳигарӣ бо раводиди сайёҳӣ аз кишварҳое, ки хуруҷи коронавирус дар онҳо тасдиқ шудааст, мутобиқи муқаррароти мақомоти тандурустии Арабистони Саудӣ низ муваққатан манъ шудааст.

Дар Тоҷикистон ба фиристодани шаҳрвандон ба адои маросими ҳаҷи умра ду ширкат – “Расул” ва “Ормон” машғуланд.

Рӯзи 29-уми феврал аз Душанбе ба макони муқаддаси Ислом фиристодани гурӯҳи навбатии зойирин аз ҷониби ширкати “Расул” пешбинӣ гардида буд.

"50 нафар рӯзи ҷумъа мебоист аз Душанбе ба Ҷидда парвоз карда, аз он ҷо ба Маккаву Мадина мерафтанд, – хабар дод ба “Азия-Плюс” директори ширкат Саъдулло Қурбонов. – Агар онҳо розӣ шаванд, баъди бекор шудани манъи сафар аз ҷониби ҳукумати Арабистони Саудӣ, мо онҳоро ба ҳаҷ мефиристем. Аммо ба касоне, ки мунтазир шуданӣ нестанд, пулҳояшонро бармегардонем".

Ба гуфтаи ӯ, ширкати “Расул” қаблан се гурӯҳи иборат аз 100 нафар зойиринро ба ҳаҷи умра фиристодааст.

Ҳаҷи умра зиёрати хурди Макка буда, лекин на дар моҳи муқарраршуда барои ҳаҷ, балки дар ҳар вақти дигар анҷом дода мешавад.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, соли гузашта 3 ҳазору 273 нафар тоҷикистониён ба адои маросими ҳаҷ дар маконҳои муқаддаси Ислом мушарраф гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...