Кумитаи дин монополияи фиристодан ба Ҳаҷи умраро барҳам дод

Дар Тоҷикистон ширкати наве таъсис дода шуд, ки ба фиристодани тоҷикистониён ба Ҳаҷи хурд – Умра машғул хоҳад шуд. Ҳамин моҳ Кумитаи дин ба ширкати «Ормон» бобати машғул шудани ба кори фиристодани тоҷикистониён ба Ҳаҷи Умра иҷозатнома дода, ҳамин тариқ яккаҳукмронӣ (монополия)-ро дар ин соҳа барҳам дод. Қаблан дар ҷумҳурӣ танҳо як ширкат – «Расул» […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ширкати наве таъсис дода шуд, ки ба фиристодани тоҷикистониён ба Ҳаҷи хурд – Умра машғул хоҳад шуд.

Ҳамин моҳ Кумитаи дин ба ширкати «Ормон» бобати машғул шудани ба кори фиристодани тоҷикистониён ба Ҳаҷи Умра иҷозатнома дода, ҳамин тариқ яккаҳукмронӣ (монополия)-ро дар ин соҳа барҳам дод.

Қаблан дар ҷумҳурӣ танҳо як ширкат – «Расул» барои фиристодани шаҳрвандон ба макони муқаддаси Ислом ҷиҳати адои маросими Ҳаҷи умра иҷозатнома дошт.

Ҳаҷи умра зиёрати хурди Макка буда, лекин на дар моҳи муқарраршуда барои ҳаҷ, балки дар ҳама гуна вақти дигар аст.

Дар Кумитаи дин иттилоъ доданд, ки арзиши Ҳаҷи умра 19 ҳазор сомониро ташкил дода, дар моҳи Рамазон он то 24,5 ҳазор сомонӣ боло меравад, зеро дар моҳи Рамазон Ҳаҷи Умра 21 рӯз ва дар дигар вақт – 14 рӯз идома меёбад.

Дар ҳамин ҳол, ташкил ва фиристодани шаҳрвандони кишвар барои адои маросими ҳаҷи асосӣ ё худ Ҳаҷи Фарзӣ, ки ба Иди Қурбон рост меояд, танҳо ба дӯши Кумитаи дин вогузор шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.