Кумаки Панҷоби Покистон ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати вилояти шимолу шарқи Панҷоби Покистон рушди соҳаи сайёҳиро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад. “Ҳукумати Панҷоб оид ба пешбурди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногун пешниҳод кард”, – хабар додааст ба нашрияи The Nation роҳбари ҳукумати вилояти Панҷоб Усмон Буздар. Ӯ қайд кардааст, ки вилояти мазкури Покистон мероси фарҳангии чандинасра ва нодири маъруф дар саросари дунёро […]

Ҳукумати вилояти шимолу шарқи Панҷоби Покистон рушди соҳаи сайёҳиро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.

“Ҳукумати Панҷоб оид ба пешбурди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногун пешниҳод кард”, – хабар додааст ба нашрияи The Nation роҳбари ҳукумати вилояти Панҷоб Усмон Буздар.

Ӯ қайд кардааст, ки вилояти мазкури Покистон мероси фарҳангии чандинасра ва нодири маъруф дар саросари дунёро дар ихтиёр дорад.

“Бо фарҳанги ғании гуногуншакл Покистон самти ҷолиби сайёҳӣ буда, Панҷоб мавқеи хос дорад, зеро дар қаламрави он ҷойҳои тамошобоб барои сайёҳон хеле зиёд аст”, – иброз доштааст Буздар.

Ӯ илова кардааст, ки “Покистону Тоҷикистон муносибати дӯстона дошта, вақти он фаро расидааст, ки ин муносибатҳо бештар рушд ёфтаву устувор шаванд”.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ эълон карда, баъдан ин ташаббусро боз ба се соли дигар – то соли 2021 дароз кард.

Тайи солҳои ахир ҳукумат барои рушди бахши сайёҳӣ баъзе имтиёзҳо ҷорӣ кард, аз ҷумла, иншооти сайёҳии сохташаванда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ зимни воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмон озод карда шуданд.

Тибқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, соли гузашта 1 млн 257 ҳазору 300 нафар аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки 21,6% ё худ 219,7 ҳазор кас зиёдтар аз соли 2018 мебошад.

Аксари ба Тоҷикистон сафаркардагон – 853 ҳазору 634 нафар сокинони Ӯзбекистон мебошанд. Дар ҳамин ҳол, зиёда аз 844 ҳазор нафари он мақсади сафарро маҳз сайру саёҳат зикр кардаанд.

Ҳиссаи бахши сайёҳӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли гузашта – 2,2% ва ҳамроҳ бо соҳаҳои дорои банди хизматрасонии сайёҳӣ – 10,4%-ро ташкил додааст.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 202 ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.