Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-ро дар Хатлон иваз кард

Date:

Президенти мамлакат, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ивази раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбро дар вилояти Хатлон маъқул донист.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҲХДТ хабар доданд, раиси нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вакили даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Қиёмиддин Миралиён интихоб шудааст. Ӯ 43-сола буда, омӯзгори фанни математика мебошад.

Собиқ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода бо сабаби ба мансаби раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати кишвар таъин шуданаш аз вазифа озод шудааст.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, роҳбари ҳизб раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд.

Аксари аъзои ҳукумат, вакилони ҳар ду палатаи парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзо ё номзадҳои аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...