Шаҳрдории Душанбе бо $32 млн таъминоти обро дар маҳаллаи Зарафшон беҳтар мекунад

Дар маҳаллаи “Зарафшон”-и пойтахт то соли 2024 беш аз 100 км қубурҳои обгузар ва обпарто иваз шуда, барои сокинон 40 ҳазор адад ҳисобкунакҳои оби нӯшокӣ насб карда мешаванд. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишномаи маблағгузорӣ байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе»-ро тасдиқ намуд. Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Раҷабӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар маҳаллаи “Зарафшон”-и пойтахт то соли 2024 беш аз 100 км қубурҳои обгузар ва обпарто иваз шуда, барои сокинон 40 ҳазор адад ҳисобкунакҳои оби нӯшокӣ насб карда мешаванд.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишномаи маблағгузорӣ байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе»-ро тасдиқ намуд.

Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Раҷабӣ зимни суханронӣ дар мавриди ин масъала изҳор дошт, ки муҳлати амалисозии лоиҳа давоми солҳои 2020-2024 дар назар буда, бо ин мақсад Бонки ҷаҳонӣ ба сифати грант 30 млн доллар ҷудо мекунад ва ҳиссаи шаҳрдории Душанбе ба 2 млн доллар баробар аст.

Дар лоиҳа ҳамчунин сохтмони иншооти обсофкунӣ (обтозакунӣ)-и “Варзоб” ба нақша гирифта шудааст.

Вакилони мардумӣ имрӯз ҳамчунин созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР)-ро оид ба лоиҳаи “Рушди сайёҳӣ” якдилона маъқул шумориданд. Баҳри татбиқи ин лоиҳа БОР ба сифати грант 10 млн доллар маблағ ҷудо мекунад. Дар лоиҳа бунёди зерсохтори хизматрасонии сайёҳӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.