БАТР стратегияи навро барои Тоҷикистон тасдиқ кард

Шӯрои директорони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) стратегияи нави кишварро барои Тоҷикистон тасдиқ намуд. Барнома афзалиятҳои Бонкро дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2020-2025 муайян мекунад, ки ба ҳалли чунин масъалаҳо, ба монанди муҳити ноустувори макроиқтисодӣ, фазои мураккаби соҳибкорӣ ва осебпазирӣ ба омилҳои тағйирёбии иқлим равона шудаанд. Дар давраи татбиқи стратегия БАТР ба беҳтар намудани инфрасохтори Тоҷикистон, алоқаҳои […]

Шӯрои директорони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) стратегияи нави кишварро барои Тоҷикистон тасдиқ намуд.

Барнома афзалиятҳои Бонкро дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2020-2025 муайян мекунад, ки ба ҳалли чунин масъалаҳо, ба монанди муҳити ноустувори макроиқтисодӣ, фазои мураккаби соҳибкорӣ ва осебпазирӣ ба омилҳои тағйирёбии иқлим равона шудаанд.

Дар давраи татбиқи стратегия БАТР ба беҳтар намудани инфрасохтори Тоҷикистон, алоқаҳои минтақавии ҷумҳурӣ ва имкониятҳои шуғли аҳолӣ талошҳои худро равона месозад. Тоҷикистон дар байни тамоми кишварҳои фаъолияти БАТР яке аз кишварҳоест, ки дорои аҳолии ҷавонтарин мебошад.

Афзалиятҳои амалиётӣ ва стратегии БАТР дар Тоҷикистон дар асоси се пояи зерин тасдиқ шудааст:

• Таҳкими рақобатпазирии корхонаҳо ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ;

• Мусоидат ба ҳамгироии минтақавӣ, ислоҳот дар соҳаи энергетика ва рушди пайвастагии инфрасохтор;

• Дастгирии дастрасии васеъ ба инфрасохтори беҳтар ва бизнес-хизматрасониҳо ба занон, ҷавонон ва минтақаҳои суст тараққикарда.

Ҳамкории минтақавӣ барои рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон, барои густариши тиҷорат ва амнияти энергетикии он аҳамияти хоса дорад. Тағийроти мусбати иқтисодӣ, аз ҷумла беҳтаршавии муносибатҳои байнидавлатӣ ва пайвастагӣ ба БАТР имкон медиҳад, ки ислоҳоти заруриро дастгирӣ намуда, ба гузариши кишвар ба марҳилаи нави рушди экономики, ки дар рушди бахши хусусӣ асос ёфтааст, мусоидат кунад.

БАТР дар оянда низ ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷм ва густариши доираи фаъолияти худ талошҳоро равона мекунад. Бонк маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохтор ва соҳаи энергетика ва дастгирии ширкатҳои бахши хусусиро идома хоҳад дод.

То имрӯз БАТР тавассути 135 лоиҳа дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Tоҷикистон зиёда аз 800 миллион евро армоягузорӣ намудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.