Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-ро дар Хатлон иваз кард

Президенти мамлакат, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ивази раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбро дар вилояти Хатлон маъқул донист. Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҲХДТ хабар доданд, раиси нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вакили даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Қиёмиддин Миралиён интихоб шудааст. Ӯ 43-сола буда, омӯзгори фанни математика мебошад. Собиқ раиси Кумитаи […]

Президенти мамлакат, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ивази раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбро дар вилояти Хатлон маъқул донист.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҲХДТ хабар доданд, раиси нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вакили даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Қиёмиддин Миралиён интихоб шудааст. Ӯ 43-сола буда, омӯзгори фанни математика мебошад.

Собиқ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода бо сабаби ба мансаби раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати кишвар таъин шуданаш аз вазифа озод шудааст.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, роҳбари ҳизб раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд.

Аксари аъзои ҳукумат, вакилони ҳар ду палатаи парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзо ё номзадҳои аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.