USAID “Академияи ҷавонони пешсафи Осиёи Марказӣ” таъсис медиҳад

Иттилоияи расмӣ

Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барномаи дастгирии ҷомеаи шаҳрвандиро дар Осиёи Марказӣ расман оғоз намуд, ки онро Фонди Авруосиё амалӣ мегардонад (www.eurasia.org).

Ташаббуси панҷсола бо маблағи 18 миллион доллари амрикоӣ, бо мақсади рушди ҷомеаи фаъол ва масъули шаҳрвандӣ, тариқи дастгирии ҷавонони фаъол дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мешавад.

Дар маросими муаррифии барнома беш аз 100 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, байналмилалӣ ва намояндагони сохторҳои давлатӣ  ширкат варзиданд.

Кордори муваққатии Сафорати ИМА – Ҷон Гинкел, Вакил, намояндаи кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси Намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷамшед Муртазоқулов ва сардори шӯъбаи омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хуршед Додихудоев назари хешро оид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон иброз намуданд.

Барномаи дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ барои иштироки фаъолонаи ҷавонон дар масъалаҳои мубрами ҷомеа ва дарёфти роҳҳои ҳалли он мусоидат намуда, ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар рушди институтсионалӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои бардавому устувории молиявӣ, кӯмак хоҳад кард.

Дар доираи барнома “Академияи ҷавонони пешсафи Осиёи Марказӣ” таъсис дода шуда, дар он насли ҷавони минтақа аз синни 18 то 30 сола оид ба навгониҳои муосир барои беҳтар намудани сифати зиндагии ҷомеа ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, омӯзиш хоҳанд гирифт.

Ҳамзамон, барнома омӯзиши фаъолони ҷамъиятиро барои ба роҳ мондани гуфтушуниди муфид бо сохторҳои давлатӣ ва бунёди ташкилотҳои шаҳрвандии ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеа, роҳандозӣ мекунад.

USAID – агентии пешбари рушди байналмилалӣ буда, ба ҳайси муҳаррик барои ноилшавӣ ба рушди босубот баромад мекунад.  USAID дар фаъолияти худ ба тақвияти амнияти миллӣ ва шукуфоии иқтисодии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мусоидат мекунад, саховатмандии амрикоиро нишон медиҳад ва роҳи расидан ба худкифоятиро ташвиқ мекунадМаълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва сафҳаи USAID дар Facebook:  https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...