Эълони озмун барои интихоби роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2020”

Date:

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон барои интихоби роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2020” озмун эълон кард.

Тавре дафтари матбуоти Кумита хабар медиҳад, талаботи асосӣ барои довталабон огоҳии комил доштан аз аҳкоми маносики ҳаҷ;  доштани малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён;  ҷисман обутобёфта будан; дар шароити душвор кор карда тавонистан ва донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират муайян шудааст.

Гуфта мешавад, дар озмуни роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2020" нафарони синнашон аз 30 то 60-сола иштирок карда метавонанд.

“Танҳо нафарони ба меъёрҳои зикршуда мувофиқбуда ба суҳбат даъват карда мешаванд, – қайд шудааст дар эълон. – Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро аз 5 то 20 март ба Кумита пешниҳод намоянд”.

Дар эълони Кумита зикр шудааст, ки тибқи муқаррароти Арабистони Саудӣ аз нафароне, ки дар панҷ соли ахир ҳадди ақал як маротиба маносики ҳаҷро ба ҷо овардаанд, дар ҳаҷми 534 доллари амрикоӣ иловапулӣ ситонида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки бар асари хуруҷи коронавирус дар Чин ва паҳншавии он дар бисёре аз кишварҳо, ҳукумати Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро ба кишвар барои адои маросими ҳаҷи умра муваққатан манъ кард.

Мувофиқи квотаи ҷудошудаи ҳукумати Арабистони Саудӣ, соли гузашта ҳудуди 5 ҳазор нафар тоҷикистониён ба адои маросими ҳаҷ дар маконҳои муқаддаси Ислом мушарраф гардида, арзиши ҳаҷ барои ҳар кадоме аз онҳо 35 ҳазору 138 сомонӣ (соли 2018 – 33,4 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил дода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...