Ҳайати нави парлумон таҳти раёсати пешвои коммунистон ба кор оғоз мекунад

Ҳайати нави парлумони Тоҷикистон таҳти раёсати пешвои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Меҳроҷ Абдуллоев, ки қаблан ҳеҷ гоҳ вакили парлумон набуд, ба кор оғоз мекунад. Ҷаласаи аввали иҷлосияи якуми палатаи поёнии тозаинтихоби парлумони Тоҷикистон рӯзи 17-уми март таъин шудааст. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, мувофиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, кори парлумони […]

Ҳайати нави парлумони Тоҷикистон таҳти раёсати пешвои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Меҳроҷ Абдуллоев, ки қаблан ҳеҷ гоҳ вакили парлумон набуд, ба кор оғоз мекунад.

Ҷаласаи аввали иҷлосияи якуми палатаи поёнии тозаинтихоби парлумони Тоҷикистон рӯзи 17-уми март таъин шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, мувофиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, кори парлумони тозаинтихоб таҳти раёсати вакили куҳансолтарин шурӯъ мешавад.

“Вакили куҳансолтарини парлумони тозаинтихоби Тоҷикистон айни замон Меҳроҷ Абуллоев мебошад, ки 15-уми августи соли 1948 таваллуд шудааст”, – иброз дошт ӯ.

Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон раис ва муовинони ӯ, раисони кумита ва комиссияҳои доимии палатаи поёнии парлумон интихоб мешаванд.

Дар кори иҷлосияи якуми палата иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст, ки дар бораи маъракаи интихоботии доиршуда ва вазифаҳои минбаъдаи парлумон изҳори назар мекунад.

Ёдрас мекунем, ки маъркаи интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта, 1-уми март баргузор шуд.

Дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ номзадҳои пешбарикардаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пирӯз шуданд. Дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҲХДТ 12 номзади он ба курсии вакилӣ соҳиб шуданд. Аз 63 курсии вакилони Маҷлиси намояндагон 47-тоаш дар ихтиёри номзадҳои ҲХДТ қарор гирифт.

Ба палатаи поёнии парлумон инчунин 7 номзади Ҳизби аграрӣ (4 нафар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 3 вакил – аз ҳавзаҳои якмандатӣ); 5 намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (4 нафар – аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 1 вакил – аз ҳавзаҳои якмандатӣ); 1 намояндаи Ҳизби сотсиалистӣ  ва 1 намояндаи Ҳизби демократ (ҳар ду аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ)  ва 2 намояндаи Ҳизби коммунист (ҳар ду аз ҳавзаҳои якмандатӣ) роҳ ёфтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.