Эълони озмун барои интихоби роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2020”

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон барои интихоби роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2020” озмун эълон кард. Тавре дафтари матбуоти Кумита хабар медиҳад, талаботи асосӣ барои довталабон огоҳии комил доштан аз аҳкоми маносики ҳаҷ;  доштани малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён;  ҷисман обутобёфта будан; дар шароити душвор кор карда тавонистан ва донистани забони арабӣ […]

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон барои интихоби роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2020” озмун эълон кард.

Тавре дафтари матбуоти Кумита хабар медиҳад, талаботи асосӣ барои довталабон огоҳии комил доштан аз аҳкоми маносики ҳаҷ;  доштани малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён;  ҷисман обутобёфта будан; дар шароити душвор кор карда тавонистан ва донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират муайян шудааст.

Гуфта мешавад, дар озмуни роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2020" нафарони синнашон аз 30 то 60-сола иштирок карда метавонанд.

“Танҳо нафарони ба меъёрҳои зикршуда мувофиқбуда ба суҳбат даъват карда мешаванд, – қайд шудааст дар эълон. – Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро аз 5 то 20 март ба Кумита пешниҳод намоянд”.

Дар эълони Кумита зикр шудааст, ки тибқи муқаррароти Арабистони Саудӣ аз нафароне, ки дар панҷ соли ахир ҳадди ақал як маротиба маносики ҳаҷро ба ҷо овардаанд, дар ҳаҷми 534 доллари амрикоӣ иловапулӣ ситонида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки бар асари хуруҷи коронавирус дар Чин ва паҳншавии он дар бисёре аз кишварҳо, ҳукумати Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро ба кишвар барои адои маросими ҳаҷи умра муваққатан манъ кард.

Мувофиқи квотаи ҷудошудаи ҳукумати Арабистони Саудӣ, соли гузашта ҳудуди 5 ҳазор нафар тоҷикистониён ба адои маросими ҳаҷ дар маконҳои муқаддаси Ислом мушарраф гардида, арзиши ҳаҷ барои ҳар кадоме аз онҳо 35 ҳазору 138 сомонӣ (соли 2018 – 33,4 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил дода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.