Таъсиси ситоди пешгирии паҳншавии коронавирус дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ситоди фаврӣ таъсис дода, нақшаи чорабиниҳоро дар бораи пешгирии паҳншавии коронавирус тасдиқ кард.

Тавре дафтари матбуоти Хадамот иттилоъ медиҳад, ин тадбирҳо ҷиҳати таъмини супориши президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирии сирояти короновирус роҳандозӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, муовини якуми сардори Хадамот Дилшод Музаффарзода роҳбари ситоди фаврӣ таъин гардида, ба ҳайати он сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллӣ шомил шудаанд.

“Дар Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус андешидани чораҳои зарурӣ, аз ҷумла, таъмини кормандон бо ниқобҳои тиббӣ, маҷмӯаи ёрии аввали тиббӣ ё маҳлулҳои безараргардонанда дар назар аст”, – қайд мешавад дар хабар.

Ҳамчунин дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ ва вазорату идораҳои дахлдор баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ба фурӯшандагони мол ва истеъмолкунандагон пешбинӣ карда шудааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ вобаста ба ҷорӣ кардани маҳдудият дар интиқоли мол аз баъзе давлатҳо, баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ба фурӯшандагони мол ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки баҳри пешгирии вуруд ва паҳншавии коронавирус Тоҷикистон иртиботи роҳи заминӣ ва ҳавоиро бо чанде аз кишварҳо, аз ҷумла Чину Эрон, ки шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ дониста мешаванд, қатъ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...