Боздиди фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон аз Тирмиз

Муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар кори машварати 5-уми роҳбарони мақомоти сарҳадбонии кишварҳои ИДМ, ки рӯзҳои 10-12 март дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон доир мегардад, иштирок мекунад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар ин машварат роҳбарони мақомоти сарҳадбонии Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, […]

Муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар кори машварати 5-уми роҳбарони мақомоти сарҳадбонии кишварҳои ИДМ, ки рӯзҳои 10-12 март дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон доир мегардад, иштирок мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар ин машварат роҳбарони мақомоти сарҳадбонии Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Хадамоти ҳамоҳангсози Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ ширкат меварзанд.

Роҳбарони Қӯшунҳои сарҳадии Вазорати мудофиа ва раёсати Пулиси сарҳадбонии ВКД Афғонистон ба сифати нозирон ба машварат даъват шудаанд.

Дар машварат баррасии хусусият ва тамоюлҳои рушди вазъият дар сарҳадоти кишварҳои узви ИДМ бо Афғонистон, ҳамчунин таҳияи тадбирҳои муштарак оид ба тақвияти таъмини амнияти марз дар самти минтақаи Осиёи Марказӣ дар назар аст.

Дар чаҳорчӯби кори машварат дар Тирмиз як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи Раҷабалӣ Раҳмоналӣ баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.