Таъсиси ситоди пешгирии паҳншавии коронавирус дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ситоди фаврӣ таъсис дода, нақшаи чорабиниҳоро дар бораи пешгирии паҳншавии коронавирус тасдиқ кард. Тавре дафтари матбуоти Хадамот иттилоъ медиҳад, ин тадбирҳо ҷиҳати таъмини супориши президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирии сирояти короновирус роҳандозӣ мешаванд. Гуфта мешавад, муовини якуми сардори Хадамот Дилшод Музаффарзода роҳбари ситоди фаврӣ таъин гардида, ба ҳайати он […]

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ситоди фаврӣ таъсис дода, нақшаи чорабиниҳоро дар бораи пешгирии паҳншавии коронавирус тасдиқ кард.

Тавре дафтари матбуоти Хадамот иттилоъ медиҳад, ин тадбирҳо ҷиҳати таъмини супориши президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирии сирояти короновирус роҳандозӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, муовини якуми сардори Хадамот Дилшод Музаффарзода роҳбари ситоди фаврӣ таъин гардида, ба ҳайати он сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллӣ шомил шудаанд.

“Дар Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус андешидани чораҳои зарурӣ, аз ҷумла, таъмини кормандон бо ниқобҳои тиббӣ, маҷмӯаи ёрии аввали тиббӣ ё маҳлулҳои безараргардонанда дар назар аст”, – қайд мешавад дар хабар.

Ҳамчунин дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ ва вазорату идораҳои дахлдор баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ба фурӯшандагони мол ва истеъмолкунандагон пешбинӣ карда шудааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ вобаста ба ҷорӣ кардани маҳдудият дар интиқоли мол аз баъзе давлатҳо, баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ба фурӯшандагони мол ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки баҳри пешгирии вуруд ва паҳншавии коронавирус Тоҷикистон иртиботи роҳи заминӣ ва ҳавоиро бо чанде аз кишварҳо, аз ҷумла Чину Эрон, ки шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ дониста мешаванд, қатъ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.