Австрия шаҳрванди ба хиёнати ватан гумонбарро ба Душанбе истирдод кард

Аваз Юлдошев

Мақомоти расмӣ изҳор доштааст, ин шахс чорумин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо истирдод шудааст.

Дар натиҷаи роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Австрия яке аз аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) Шовализода Ҳизбулло Абдулло, соли таваллудаш 1991, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, 5-уми март ба Тоҷикистон истирдод карда шуд”, – омадааст дар изҳороти Прокуратураи генералии ҶТ.

Шаҳрванди аз Австрия истирдодшудаи Тоҷикистон “барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 307 (3) қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ) ва 305 қисми 1 (хиёнат ба давлат) КҶ ҶТ пешбинишуда дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт”, – гуфта мешавад дар хабар.

Дар идомаи изҳороти додситонӣ зикр шудааст, ки номбурда соли 2016 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш ба ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ ҷалб шуда, бо мақсади минбаъд содир намудани актҳои террористӣ, ноором гардонидани вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон то соли 2019 дар марказҳои террористии кишвари муайяни хориҷӣ омодагии махсуси террористӣ-тахрибӣ гирифтааст.

“Зимни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати аъзои дар давоми солҳои 2016-2019 дастгиршудаи ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ Кузов А.К., Забичоев Н.М., Ризвонов А.Р., Исмоилов Д.Д., Наврӯзов М.С. ва дигарон далелҳои муътамади даст доштани Шовализода Ҳ.А. ба ҷиноятҳои болозикр дастрас гардидаанд”, – қайд мешавад дар изҳорот.

Ба иттилои додситонӣ, ҳамаи номбаршудагон дар пойгоҳҳои махсуси хориҷи кишвар омодагии ҷангиву диверсионӣ гирифта, бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шуда, қасди анҷом додани амалҳои террористӣ доштанд.

Дар идома ёдоварӣ  шудааст: “Бо мусоидати мақомоти салоҳиятдори кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Шовализода Ҳ.А. чорумин аъзои гурӯҳҳои террористӣ мебошад, ки ба Тоҷикистон истирдод гардид”.

“Қаблан шаҳрвандони ҶТ Шералӣ Лоиқӣ, Ҳаётов Мустафо Раҳматшоевич ва Зуҳуров Комрон Хайрович, ки барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта аз таъқиби ҷиноятӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо паноҳ мебурданд, дастгир ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супорида шудаанд”, – омадааст дар изҳорот.

Прокуратураи генералии ҶТ аз густариши равобити мутақобилан судманди мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, миннатдории худро ба онҳо барои ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ баён кардааст.

Зикр шудааст, ки тафтиши пешакӣ нисбат ба Ҳизбулло Шовализода идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...