Муаррифии китобҳои нодир оид ба мероси фарҳангии мардуми Осиёи Марказӣ дар Душанбе

Дар яке аз рӯзҳои охирини зимистон Қурбон Аламшоев (як нафар рӯзноманигор ва нависанда) танҳо ба хотири як китоб роҳи тӯлониеро аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе тай кард. “Вақте ки ман ин хабарро аз расонаҳо хондам, воқеан хеле шод шудам, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) китобҳое пешкаш мешаванд, ки дар онҳо бознашри асарҳои […]

Иттилоияи расмӣ

Дар яке аз рӯзҳои охирини зимистон Қурбон Аламшоев (як нафар рӯзноманигор ва нависанда) танҳо ба хотири як китоб роҳи тӯлониеро аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе тай кард.

“Вақте ки ман ин хабарро аз расонаҳо хондам, воқеан хеле шод шудам, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) китобҳое пешкаш мешаванд, ки дар онҳо бознашри асарҳои чопшудаи шарқшиноси машҳур Михаил Андреев «Тоҷикони водии Хуф» низ шомил гардидааст. Ин асар кайҳо боз чун китоби нодир ва камёфти библиографӣ ҳисобида мешуд ва дар тасаввури бисёре аз мардуми мо эҳсоси хатаре вуҷуд дошт, ки шояд ин китоб ба зудӣ тамоман аз байн хоҳад рафт – мегӯяд Аламшоев. – Ҳамчун рӯзноманигор ва муҳаққиқ, ки солҳои тӯлонӣ бойгонии Андреевро меомӯзам, ман кори бузургеро, ки Донишгоҳ барои чопи ин китоб анҷом додааст, метавонам қадр кунам. Ин аз нияти ҷиддии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ оид ба барқарор кардани мероси пурарзиши маънавию мардумшиносӣ (этнографӣ) шаҳодат медиҳад”.

29 феврали соли 2020 Шуъбаи мероси фарҳангӣ ва улуми башарии (ШМФУБ) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ муаррифии навгониҳое аз силсилаи китобҳои "Мероси фарҳангӣ"-ро пешкаш намуд. Чорабинӣ дар Маркази Исмоилияи Душанбе баргузор шуд. Дар он зиёда аз 200 намояндагони ҷомеаи маданӣ, илмӣ, сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байнулмилалӣ ва мақомоти давлатӣ иштирок карданд.

Дар баробари китоби “Тоҷикони водии Хуф”-и Михаил Андреев ба меҳмонон боз ду китоби дигар, аз ҷумла, “Маджи Андрей Евлампиевич: Ним асри таҳқиқоти илмӣ дар Осиёи Марказӣ” (аз ҷониби Виктор Дубовицкий) ва “Сафарномаи меъморӣ” дар асоси "Сафарнома"-и Насир Хусрав (муаллиф Мунаввар Мамадназаров) тақдим шуданд.

"Кишварҳои Осиёи Марказӣ арзишҳое доранд, ки омӯзиш ва идома додани суннати олимони бузурги гузаштаро барои интиқоли оқилонаи мероси илмии худ ба давраи оянда талаб мекунанд, – гуфт Богдан Кравченко, декани Мактаби олии рушди Донишгоњи Осиёи Марказӣ. – Донишгоҳи мо тайи чандин сол аст, ки бо Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва ин ҳамкорӣ хеле муваффақона рушд меёбад. Бойгонии Академия илмҳо ганҷури маводи бебаҳоест, ки ният дорем, бо истифодаи технологияи муосир ва рақамӣ кардан, ин мерос ҳифз ва ба ҷаҳониён пешкаш карда мешаванд. Аҳамияти омӯзиш ва нашри ин маводи арзишмандро набояд нодида гирифт".

Доктор Кравченко мегӯяд, соли гузашта Шуъбаи мероси фарҳангӣ ва гуманитарӣ таҳияи як қатор нашрияҳои илмиро оғоз кард, ки ҳадафи онҳо бунёди як маҷаллаи мукаммали илмӣ мебошад. Дар он олимони минтақа метавонанд асарҳои худро нашр кунанд ва ба захираҳои илмии онҳо доираи васеи мардум дастрасӣ дошта бошанд.

Ба гуфтаи мудири Шуъбаи мероси фарҳангӣ ва улуми башарии Мактаби олии Рушди Донишгоҳ доктор Элмира Кочумкулова, мақсади асосии силсилаи китобҳои "Мероси фарҳангӣ" мусоидат ба ҳифз ва тарғиби таърих ва фарҳанги бою гуногунҷанбаи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад.

"Дар тӯли 12 соли охир Донишгоҳи Осиёи Марказӣ 20 китоби арзишмандеро таҳия кард, ки натиҷаҳои тадқиқот дар бораи маконҳои меъморӣ ва бостоншиносӣ, анъанаҳо, мусиқӣ ва санъати шифоҳии мардумони кӯҳистони Помир ва Тян-Шон мебошанд", – гуфт номбурда.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.