Бонки миллии Тоҷикистон қурби рублро ислоҳ кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии рублро нисбат ба пули миллӣ ба андозаи 4,7% коҳиш дод.

Рӯзи сешанбе, 10-уми март Бонки миллӣ қурби рублро нисбат ба сомонӣ дар сатҳи 0.1413 ва имрӯз, 11-уми март – 0.1346 сомонӣ муқаррар кард.

Қурби доллару евро ҳам нисбат ба сомонӣ каме афзоиш ёфт: аз 9.6800 то 9.700 сомонӣ (доллар)  ва аз 10.9558 то 11.0347 сомонӣ (евро).

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллӣ муқаррар шуда, бо мақсади баҳисобгирии муҳосибӣ, пардохти маблағи андозҳо, инчунин ҳисобу китоби пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисоббаробариҳо истифода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки паст шудани қурби рубл пас аз босуръат поинравии нархи нафт боиси беш аз 10% коҳиш ёфтани қурби мубодилавии асъори Русия дар Тоҷикистон гардид.

Дар бонкҳои Тоҷикистон айни замон 1 ҳазор рубли русӣ бо маблағи 130 сомонӣ иваз мешавад. Ҳафтаи гузашта ба ивази ин миқдор 145 сомонӣ дода мешуд.

Тавре ВАО-и Русия хабар медиҳанд, рӯзи 9-уми март бар асари босуръат поинравии нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, қурби рубл хеле коҳиш ёфт. Он нисбат ба доллар – 8,8% то 74,5 рубл ва евро – 9,7% то 85 рубл поин рафт, ки бузургтарин коҳиши якрӯзаи қурби рубл аз 16-уми декабри соли 2014 то кунун дониста мешавад.

Рӯзи ҷумъа, 6-уми март дар ОПЕК+ (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) созиш ҳосил нашуда, аллакай рӯзи 9-уми март арзиши нафти тамғаи Brent 30% поин рафт ва то 31,02 доллар барои 1 баррел расид, ки ин нишондиҳанда аз соли 1991 то кунун коҳиши якрӯзаи аз ҳама зиёд мебошад.

Қобили зикр аст, ки беш аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон айни замон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва ҳаҷми пулҳои фиристодаи онҳо аз ин кишвар ба Ватан ба ҳисоби миёна 3 млрд долларро дар як сол ташкил медиҳад.

Наздики 90%-и пулро муҳоҷирони тоҷик бо рубли Русия ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд. Аз соли 2016 бо дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон ин маблағҳоро бонкҳо танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...