Рӯзноманигорони тоҷик ҷашни касбиро таҷлил мекунанд

Имрӯз, 11-уми март дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” саркоргардони театри мазкур Қамариддин Мирзоев хабар дод. “Имрӯз, соати 16:00 дар толори театри мо бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии идона доир мегардад. Қабл аз оғози он дар саҳни театр […]

Имрӯз, 11-уми март дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор мешавад.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” саркоргардони театри мазкур Қамариддин Мирзоев хабар дод.

“Имрӯз, соати 16:00 дар толори театри мо бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии идона доир мегардад. Қабл аз оғози он дар саҳни театр намоиш-фурӯши китобу рӯзномаҳо гузаронида мешавад. Дар қисмати расмии чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон суханронӣ мекунанд”, – иброз дошт саркоргардон.

Инчунин маросими супоридани унвону ифтихорномаҳо ва барномаи консертӣ баргузор хоҳад шуд.

Чорабинӣ бо ташаббуси муштараки Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи журналистони кишвар ташкил мегардад.

11-уми марти соли 1912 аввалин рӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф” рӯйи чоп омада буд. Аз соли 1994 инҷониб санаи мазкур ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, соли 2019 дар Тоҷикистон 376 номгӯйи рӯзномаҳо ба қайд гирифта шуданд, ки аз ин шумор 112 нашрияи давлатӣ ва 264 нашрияи ғайридавлатӣ мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.