Гарнизони ҳарбии Хатлон бо бонги хатар ҳолати омодабош гирифт

Ҳамаи воҳидҳои сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ки ба ҳайати гарнизони ҳарбии Хатлон шомиланд, соати 6-и субҳи имрӯз бо бонги хатар ҳолати омодабош гирифтанд. Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён хабар дод, сарбозону афсарони Вазорати мудофиа, ВКД, КДАМ, КҲФ ва МГ ва дигар сохторҳои қудратии мустақар дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, сарбозону […]

Ҳамаи воҳидҳои сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ки ба ҳайати гарнизони ҳарбии Хатлон шомиланд, соати 6-и субҳи имрӯз бо бонги хатар ҳолати омодабош гирифтанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён хабар дод, сарбозону афсарони Вазорати мудофиа, ВКД, КДАМ, КҲФ ва МГ ва дигар сохторҳои қудратии мустақар дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, сарбозону афсарони эҳтиётии артиши Тоҷикистон барои гузаронидани тамринҳои низомӣ ба машқгоҳи “Фахробод” сафарбар мешаванд.

Дар назди комиссариати ҳарбии ноҳияи Хуросон ситоди фаврӣ оид ба идоракунии тамринҳо ташкил шудааст. Дар доираи тамринҳо ташкили мудофиаи қаламрав ва сафарбарии сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ ба он санҷида мешаванд.

Дар машқгоҳи “Фахробод” имрӯз ҳамчунин размоиши чоррӯзаи бузургмиқёси зиддитеррористии Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз мешавад.

Ҷониби Ӯзбекистонро дар он ротаи таъиноти махсуси Вазорат мудофиаи ин кишвар намояндагӣ мекунад.

Ба тамринҳо авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, артиллерия ва воҳидҳо бо силоҳи оташфишон сафарбар мешаванд. Сарбозону афсарони ҳар ду кишвар малакаҳои амалро ҳангоми пайдо шудани хатари вуруди террористон аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон такмил медиҳанд.

Тамринҳои низомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзи 14-уми март ба охир мерасанд. Ба ин тамринҳо вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо роҳбарӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...