Дар Тоҷикистон ҳар нафари 10-ум дар минтақаи хавфнок зиндагӣ мекунад

Date:

Дар Тоҷикистон 1 ҳазору 471 минтақаи хавфнок ошкор шудааст, ки дар онҳо офатҳои табиӣ рух дода метавонанд. Дар ин минтақаҳо наздики 860 ҳазор нафар умр ба сар мебаранд.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар ин минтақаҳо пешгӯии фурӯ рафтани қитъаи замин, ҳодисаи фаромадани тармаву ярч, селу сангреза ва дигар офатҳои табиӣ хеле баланду имконпазир аст.

Тоҷикистон бештар аз фаромадани селу тарма осеб мебинад

Навъи бештар маъмул (ба ҳисоби миёна 70 ҳодиса дар як сол) ва марговар (35 ҳалокшуда дар як сол)-и офати табиӣ дар Тоҷикистон селфароӣ мебошад. Навъи дуюм аз рӯйи ин нишондод фаромадани тарма (ба ҳисоби миёна 27 ҳодиса ва 6 ҳалокшуда дар як сол) маҳсуб мешавад.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, зиёни умумии расида аз офатҳои табиӣ, ки давоми солҳои 1997-2018 рух додааст, беш аз 589 млн долларро ташкил медиҳад. Тӯли ин солҳо дар Тоҷикистон тақрибан 3 ҳазору 460 офати табиӣ рух додааст, яъне ба ҳисоби миёна 1 ҳодиса дар ҳар 2 рӯз.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қишлоқи маъмулӣ дар минтақаи кӯҳистони Ҳисор

Барои коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисни КҲФ ва дигар вазорату идораҳои марбута гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки дар маҳалҳо қитъа ва мавзеъҳои хатарноки имконпазири рух додани офатҳои табииро меомӯзад.

Ба гуфтаи сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва қаламрави Кумита Ҷамшед Камолов, дар доираи амалисозии барномаи муҳоҷирати дохилӣ ҳукумат ният дорад, ки аҳолӣ ва амволи онҳоро тадриҷан аз ин минтақаҳо ба ҷойҳои дигар кӯчонад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дар минтақаҳои хавфноки аксари деҳаҳо хонаҳо бе таҳкурсӣ сохта мешаванд

Дар минтақаи хавфнок

Бино ба маълумоти Стратегияи миллии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, шумори офатҳои табиии рухдода дар чанде аз шаҳру навоҳӣ давоми солҳои 2005-2015 аз нишондиҳандаи миёна зиёд шудаанд. Шаҳри Душанбе ҳам ба ин қатор шомил аст, ки дар ин давра 86 офати табиӣ рух додааст.

Дар Душанбе 6 минтақаи хавфи аввалиндараҷа маҳаллаҳои Машъал, Мирзобек, Ҳазрати Мавлоно, Лучоб, Навобод (самти Варзоб), Ховарон (Теппаҳои Шарқӣ) номбар шудаанд.

Дар саросари ҷумҳурӣ ҳавзаи дарёҳои Панҷ (Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошим) ва Сурхоб (Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Лахш) ду минтақаи осебпазири ҷуғрофӣ дониста шудаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Вазъият дар минтақаҳои хатарноки зикршуда солҳои 90-уми садаи гузашта вақте қитъаҳои замин бе назардошти хавфи офатҳои табиӣ ҷудо карда шуданд, боз ҳам душвортар шуд. Дар комиссияҳои тақсимоти замин ҳукуматҳои маҳаллӣ намояндагони КҲФ-ро шомил накардаанд ва назари ин ниҳод ба инобат гирифта нашудааст. Бинобар ин, дар аксари маҳаллаҳои аҳолинишин хонаҳо мустақиман дар роҳи фаромадани селу тарма ва ярч сохта шудаанд.

Тӯли 4 соли охир вазъият тағйир ёфт. Акнун ҳангоми тақсимоти қитъаҳои замин хулосаҳои намояндагони КҲФ ба назар гирифта мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷариҳо дар деҳаи Қиблаӣ (мавзеи пушди пивзавод) дар Душанбе

Киҳо ва чӣ гуна кӯчонида мешаванд

Хулосаи ниҳоӣ дар мавриди кӯчонидани аҳолӣ ба ҷойи дигар аз ҷониби хадамоти геологии ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад.

Барномаи кӯчонидан марҳила ба марҳила мувофиқи нақшаи дурнамо амалӣ мешавад.

Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 амал мекунад. Ҳадафи Стратегия паст кардани хавфи ҷойдошта ва пешгирии хатар бар асоси таҳкими иқтидори миллӣ оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ мебошад.

Яке аз вазифаҳои он то соли 2030 кам кардани шумораи ҳалокшудагон, осебдидагон ва ҳаҷми зарар дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар муқоиса бо давраи солҳои 2005-2015 унвон шудааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...