Қатъи додани иҷозатномаи кор ба шаҳрвандони кишварҳои аз коронавирус сироятёфта

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон додани иҷозатномаи корро ба шаҳрвандони кишварҳое, ки дар он ҷойҳо ҳолатҳои сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, муваққатан қатъ кард. Ситоди доимо амалкунандаи муқовимат бо паҳншавии коронавируси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар ин самт тадбирҳои дахлдор андешид. Ситод таҳти роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Гулрӯ Ҷабборзода 2-юми […]

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон додани иҷозатномаи корро ба шаҳрвандони кишварҳое, ки дар он ҷойҳо ҳолатҳои сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, муваққатан қатъ кард.

Ситоди доимо амалкунандаи муқовимат бо паҳншавии коронавируси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар ин самт тадбирҳои дахлдор андешид.

Ситод таҳти роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Гулрӯ Ҷабборзода 2-юми марти соли равон таъсис дода шуд.

Дар нақшаи қабулшудаи ситод тадбирҳое ба мисли худдории кормандони вазорат аз сафарҳо ба давлатҳои аз коронавирус сироятёфта, риояи меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ дар ҷойи кор, баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус, дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Дар Тоҷикистон асосан шаҳрвандони Чин, Афғонистон, Ӯзбекистон ва ба миқдори начандон зиёд шаҳрвандони кишварҳои дигар низ кор мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон иртиботи ҳавоӣ бо Чин, Афғонистон ва Эронро қатъ карда, ҳамчунин тавсия дод, ки аз фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ барои сафар ба ҷумҳурӣ аз Кореяи Ҷанубӣ ва Италия худдорӣ карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.