Ба ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта шаҳодатномаи ронандагӣ медиҳанд

Мақомот дар вилояти Хатлон дар мавсими баҳории даъвати ҷавонон ба артиш, аз тарзи нави ҷалби онҳо ба хидмати ҳарбӣ кор гирифтаанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҷавононро пеш аз рафтан ба артиш дар курсҳои бепули ронандагӣ омӯзиш медиҳанд ва дар поёни чунин давраҳо шаҳодатнома месупоранд. Гуфта мешавад, дар гузашта баъзе аз мансабдорони шаҳру […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомот дар вилояти Хатлон дар мавсими баҳории даъвати ҷавонон ба артиш, аз тарзи нави ҷалби онҳо ба хидмати ҳарбӣ кор гирифтаанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҷавононро пеш аз рафтан ба артиш дар курсҳои бепули ронандагӣ омӯзиш медиҳанд ва дар поёни чунин давраҳо шаҳодатнома месупоранд.

Гуфта мешавад, дар гузашта баъзе аз мансабдорони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барои ҷалби ҷавонон ба артиш ваъда дода буданд, ки баъди адои хидмат ба онҳо бе навбат қитъаи замин медиҳанд. Аммо чанде аз ҷавонон шикоят карданд, ки пас аз адои хидмат натанҳо касе ба суроғашон наомад, балки ба дархосташон дар бораи замин посух надод.

Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, барои он ки дилсардӣ пайдо нашавад, онҳо пеш аз хидмати аскарӣ ба ҷавонон ваъдаи худро иҷро мекунанд. Гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ дар Тоҷикистон харҷи бештар дорад.

Мақомоти Хатлон ба ҷавонон ваъда додаанд, ки бо шаҳодатномаи ронандагӣ дар хизмат ё ронанда ва ё таъмиргари нақлиёт мешаванд. Ин ҷавонон ройгон ронандагӣ меомӯзанд ва муддати се моҳ бояд ҳам маҳорати ронандагӣ ва ҳам таъмири мошини боркашро аз худ кунанд.

Муҳаммаднабӣ Баҳодурзода, сокини ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ мегӯяд, ки дар чунин давраҳо бештар аломатҳои роҳро меомӯзанд, то ҳангоми ҳаракат хато накунанд. "Албатта, омодагии ҳарбиро ҳам меомӯзем",-мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Ёқуб Саидзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар даъвати имсолаи баҳорӣ ба нақша гирифтаанд, ки 50 нафар аз ҷавононро ба курсҳои ронандагӣ ҷалб кунанд. Саидзода мегӯяд, маблағи фарогирии 20 тан аз тарафи вазорати дифоъ ва аз 30 нафари дигар аз сӯи ҳукумати ноҳия пардохт мешавад.

Ҳамасола бо шурӯи мавсими даъвати ҳарбӣ ҳолатҳои ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш зиёд мушоҳида мешавад. Ҷавонон ҳолатҳои бадрафторӣ ва марги сарбозон дар қисмҳои ҳарбиро баҳонае барои нарафтани худ медонанд. Мақомот доим аз беҳтар шудани вазъи хизмати сарбозон мегӯянд.

Таҳлилгарон аз шеваи нави ҷалби ҷавонон ба артиш ситоиш мекунанд, вале пешниҳод доранд, ки шароити техникии чунин марказҳои омӯзишӣ ба талабот мувофиқ шавад. Рустами Сафар, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, "бо ин шева ҷавонон ҳам ба хизмат мераванд ва ҳам соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ мешаванд, ки баъдан дар зиндагӣ барояшон лозим мешавад".

Айни замон чанде волидон аз гӯшаҳои Тоҷикистон аз шеваҳои дигари ҷалби ҷавонон ба артиш шикоят карданд. Бархе аз волидон мегӯянд, барои ба артиш нафиристодани фарзандонашон зери фишори мақомот ҳастанд.

Яке аз онҳо гуфтааст, мақомоти ноҳияи Ваҳдат барои онки писари нуздаҳсолааш дар Русия ҳаст ва ба хидмат нарафтааст, хатти барқи хонаашро бурида ва таҳдид кардаанд, аз кор дар мактаб ҷавоб медиҳанд. Чанд нафари дигар навиштанд, ки ҷавонони то 27-соларо аз марз гузаштан намемонанд ва ё ба онҳо билети ҳавопаймо намефурӯшанд.

Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор – баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват ҳазорҳо ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.