Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпии Токио шуд

Муштзани маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов имрӯз, 11-уми март аввалин роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро миёни варзишгарони Тоҷикистон ба даст овард. Ӯ дар қувваозмоии даври бокс-оффи мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар қораи Осиё/Уқёнус, ки дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун ҷараён дорад, бар варзишгари Эрон Ашкон Ризоӣ пирӯз шуд. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Баҳодур Усмонов […]

Муштзани маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов имрӯз, 11-уми март аввалин роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро миёни варзишгарони Тоҷикистон ба даст овард.

Ӯ дар қувваозмоии даври бокс-оффи мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар қораи Осиё/Уқёнус, ки дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун ҷараён дорад, бар варзишгари Эрон Ашкон Ризоӣ пирӯз шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Баҳодур Усмонов дар даври муқаддамотии ин мусобиқа бар варзишгари Непал Санил Шаҳӣ ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз варзишгари мизбон Обада Алкасба мағлуб шуд.

Дар баробари Баҳодур Усмонов, дар вазни -63кг ҳамчунин Обада Алкасба (Урдун), Закир Сафиулин (Қазоқистон), Баатарсуҳиин Чинзориг (Муғулистон), Элнур Абдураимов (Узбекистон) ва Маниш Каушик (Ҳиндустон) ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро, ки аз 24 июл то 9 августи соли равон дар Токиои Ҷопон доир мегардад, пайдо карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.