Фурӯши маҳсулоти кишоварзии дасти аввал бе миёнаравон дар Хуҷанд

Дар бозори навбунёди “Суғдиён”, воқеъ дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз дасти аввал бе миёнаравону ҳаннотон роҳандозӣ шудааст. Дар он картошка, сабзӣ, пиёз, шалғам, карам ва ғайра 30-40% арзонтар аз бозорҳои дигари шаҳр пешниҳоди харидорон мешавад. Нина Ушакова, сокини шаҳри Хуҷанд гуфт: “Нархи маҳсулоти ин ҷо нисбатан арзон аст. Дирӯз барои харид баромада […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Дар бозори навбунёди “Суғдиён”, воқеъ дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз дасти аввал бе миёнаравону ҳаннотон роҳандозӣ шудааст.

Дар он картошка, сабзӣ, пиёз, шалғам, карам ва ғайра 30-40% арзонтар аз бозорҳои дигари шаҳр пешниҳоди харидорон мешавад.

Нина Ушакова, сокини шаҳри Хуҷанд гуфт: “Нархи маҳсулоти ин ҷо нисбатан арзон аст. Дирӯз барои харид баромада будам, 1 кг картошка дар бозори дигар то 4,5 сомонӣ буд, дар мағозаҳо низ ҳамин хел нарх. Имрӯз дар ин ҷо ман ба 3,5 сомонӣ харидам ”.

Роҳбари бозори “Суғдиён” Абдураҳим Абдуллоев иброз дошт, ки барои фурӯшандагон як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла, меҳмонхона, истгоҳ ва иҷораи ройгон пешбинӣ шудааст.

“Дар ин бозор қариб 2000 нуқтаи савдо мавҷуд буда, масоҳати умумии он 9 гектар мебошад. Шароити фаъолият ба таври ройгон муҳайё мешавад. Дар ин ҷо барои 1500 мошин таваққуфгоҳи нақлиётӣ ҳаст. Имконоти инфрасохторӣ кори яклухтфурӯшони маҳсулоти кишоварзиро осон мекунад”, – афзуд роҳбари бозор.

Зимнан ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзони вилоят имкон дода мешавад, ки маҳсулоташонро бо истифода аз имтиёзҳои маъмурияти бозор ба харидорон бо нархи дастрас пешниҳод кунанд.

Ба гуфтаи Абдуллоев, рӯзҳои наздик фурӯши орд, равған ва биринҷ низ ташкил карда мешавад. Дар ин хусус бо роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли орду равған ва масъулини дахлдор мувофиқа шудааст.

Дар вақти боздиди мо аз ин бозор деҳқонон аз шаҳру навоҳии Истаравшан, Деваштич, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ маҳсулоти худро савдо мекарданд.

Баҳриддин Аҳмадов аз ноҳияи Деваштич гуфт: “Аз ин пеш маҳсулотамонро дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр мефурӯхтем ва ҳоло бароямон дар ин ҷо шароит фароҳам овардаанд. Мо барои дастгирии халқ ба ивази имтиёзҳои бозор маҳсулотро бо нархи арзон фурӯхта истодаем”.

Фурӯшандаи дигари бозор Ғолибҷон Ҳошимов илова кард: “Нархи 1 кг картошка дар ин ҷо 3,5 сомонӣ, сабзӣ 60-70 дирам ва пиёз 2,20 сомонӣ аст. Дар бозорҳои дигар картошка 4-4,5 сомонӣ, сабзӣ то 1 сомонию 20 дирам аст”.

Масъулин бовар доранд, ки бо ташкили чунин бозор арзиши маҳсулоти ниёзи аввалро муътадил нигаҳ дошта, кори дасти ҳаннотонро, ки дар бисёр маврид нархро бе ягон асос боло мебардоранд, аз байн хоҳанд бурд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.