Дар Қазоқистон аввалин ҳолатҳои сирояти коронавирус ошкор шуд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар Қазоқистон 2 нафар гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шуданд.  Дар ин бора имрӯз, 13-уми март вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов зимни брифинг иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳолатҳои сироятёбӣ дар Алмаато тасдиқ шудааст: зану мард рӯзҳои 9 ва 12-уми март аз Олмон ба Қазоқистон баргаштаанд.

“Онҳо дар беморхонаи сироятии Алмаато бистарӣ шуда, худро хуб ҳис мекунанд. Ҳамаҷониба тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд”, – изҳор доштааст Биртанов.

Вазир қайд кардааст, ки дар ҳавопаймои аввал (9-уми март) 73 нафар мусофирон будаанд.

“Онҳо бемор набуда, муддати 14 рӯз ба карантин гирифта мешаванд. Ҳавопаймои дуюм шаб омад, ки аз 12 нафар иборат буда, ҳама бо шумули ҳайати сарнишинон аллакай дар карантин ҷойгир шуданд”, – хабар дод ӯ.

Зикр шуд, ки ба қабули қарор дар бораи эълони ҳолати фавқулодда ҳокими шаҳр ҳуқуқ дорад, аммо худи вазир инро алҳол зарур намедонад.

“Пас аз муайян кардани ҳамаи шахсони бо онҳо алоқадошта ё пайдо шудани беморони нав, шояд чуин қарор қабул шавад”, – илова кардааст Биртанов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...