Ҷопон ба Тоҷикистон барои пешгирии сирояти коронавирус таҷҳизот медиҳад

Рӯзҳои наздик сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон барои пешгирии сирояти коронавирус ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ таҷҳизоти тиббӣ медиҳад. Дар ин бора имрӯз, 13-уми март сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита ва роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байнулмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Хидеки Танабе дар вохӯрӣ бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии […]

Рӯзҳои наздик сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон барои пешгирии сирояти коронавирус ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ таҷҳизоти тиббӣ медиҳад.

Дар ин бора имрӯз, 13-уми март сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита ва роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байнулмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Хидеки Танабе дар вохӯрӣ бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода хабар доданд.

Бино ба иттилои вазорати тандурустӣ, ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкориҳо дар самти пешгирии паҳншавии коронавирус, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, изҳор доштанд.

Қайд гардид, ки бо ташаббуси сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон аз ҷониби JICA дар Тоҷикистон рӯзҳои наздик таҷҳизоти тиббӣ барои пешгирии сирояти коронавирус ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ супорида хоҳад шуд.

Насим Олимзода барои дастгириҳои пайвастаи соҳа ба сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва JICA изҳори сипос кардааст.

Ёдрас мекунем, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ва USAID таҷҳизоту лавозимоти муҳофизати шахсӣ аз коронавирусро дирӯз ба ихтиёри Тоҷикистон супурданд, ки барои ҳайати кормандони тиббии беморхонаҳо пешбинӣ шудааст. Маводи тақдимшуда – ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва хилъатҳо барои кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати фаъолият дар пешгирии сирояти коронавирус хеле муҳим мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.