Кумаки СҶТ ва USAID ба Тоҷикистон барои муқовимат ба коронавирус

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ва USAID таҷҳизоту лавозимоти муҳофизати шахсӣ аз коронавирусро ба ихтиёри Тоҷикистон супурданд, ки барои ҳайати кормандони тиббии беморхонаҳо пешбинӣ шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, маводи тақдимшуда – ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва хилъатҳо барои кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати фаъолият дар пешгирии сирояти коронавирус хеле муҳим мебошанд. “Ҳамаи […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ва USAID таҷҳизоту лавозимоти муҳофизати шахсӣ аз коронавирусро ба ихтиёри Тоҷикистон супурданд, ки барои ҳайати кормандони тиббии беморхонаҳо пешбинӣ шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, маводи тақдимшуда – ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва хилъатҳо барои кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати фаъолият дар пешгирии сирояти коронавирус хеле муҳим мебошанд.

“Ҳамаи ин корҳо барои он анҷом дода мешаванд, то ки кишвар ба вуруди эҳтимолии вирус ба таври бояду шояд омода бошад, – гуфт роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии СҶТ дар ҶТ Галина Перфилева. – Шумо медонед, ки имрӯз дар 114 кишвари дунё, ки аз се ду ҳиссаи аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Аз ин рӯ, барои омода будани низоми тандурустии Тоҷикистон ҳамаҷониба тадбирҳо андешида мешаванд”.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ аз номи ҳукумат ва роҳбарияти вазорат ба ҳукумати ИМА, хусусан, ба барномаи USAID, ки яке аз шарикони стратегии вазорат дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, изҳори сипос кард.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати харидории сару либоси муҳофизатии инфиродӣ ва дигар таҷҳизоти тиббӣ маблағҳои муайян ҷудо мешавад.

Зикр мегардад, ки то имрӯз дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо сарфи назар аз ин, чораҳои пешгирӣ аз интиқоли он ба кишвар рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

То 12-уми марти соли равон 1594 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Эрон, Афғонистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия ба Тоҷикистон ворид гардиданд, ба  карантин фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора то дирӯз 1237 нафарашон ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 357 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.