Дар Қазоқистон аввалин ҳолатҳои сирояти коронавирус ошкор шуд

Дар Қазоқистон 2 нафар гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шуданд.  Дар ин бора имрӯз, 13-уми март вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов зимни брифинг иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳолатҳои сироятёбӣ дар Алмаато тасдиқ шудааст: зану мард рӯзҳои 9 ва 12-уми март аз Олмон ба Қазоқистон баргаштаанд. “Онҳо дар беморхонаи сироятии Алмаато бистарӣ шуда, худро […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар Қазоқистон 2 нафар гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шуданд.  Дар ин бора имрӯз, 13-уми март вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов зимни брифинг иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳолатҳои сироятёбӣ дар Алмаато тасдиқ шудааст: зану мард рӯзҳои 9 ва 12-уми март аз Олмон ба Қазоқистон баргаштаанд.

“Онҳо дар беморхонаи сироятии Алмаато бистарӣ шуда, худро хуб ҳис мекунанд. Ҳамаҷониба тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд”, – изҳор доштааст Биртанов.

Вазир қайд кардааст, ки дар ҳавопаймои аввал (9-уми март) 73 нафар мусофирон будаанд.

“Онҳо бемор набуда, муддати 14 рӯз ба карантин гирифта мешаванд. Ҳавопаймои дуюм шаб омад, ки аз 12 нафар иборат буда, ҳама бо шумули ҳайати сарнишинон аллакай дар карантин ҷойгир шуданд”, – хабар дод ӯ.

Зикр шуд, ки ба қабули қарор дар бораи эълони ҳолати фавқулодда ҳокими шаҳр ҳуқуқ дорад, аммо худи вазир инро алҳол зарур намедонад.

“Пас аз муайян кардани ҳамаи шахсони бо онҳо алоқадошта ё пайдо шудани беморони нав, шояд чуин қарор қабул шавад”, – илова кардааст Биртанов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?