Изҳороти ВКХ ҶТ: Гузориши ИМА оҳанги сиёсӣ дорад

Вазорати корҳои хориҷии ҶТ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 13-уми март дар робита ба гузориши ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи инсон изҳорот нашр кард.

Дар зер матни пурраи ин изҳорот бознашр мешавад:

“11 марти соли ҷорӣ Департаменти давлатии ИМА гузориши навбатии солонаро оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон мунташир намуд.

Дар ин робита, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим медонад, таъкид намояд, ки ҷиҳати баррасӣ ва арзёбии риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон абзорҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои ҳуқуқи инсон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ фаъолият доранд, ки ба онҳо ваколати арзёбии вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон вогузор шудааст.

Бояд гуфт, ки дар гузориши Департаменти давлатии ИМА таҳлили воқеъбинонаи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дида нашуда, он бештар оҳанги сиёсӣ дорад. Гузашта аз ин, муаллифони санад асосан ба манбаъҳои манфиатдор такя намудаанд, ки ин омил саҳеҳ будани маълумоти нашршударо зери шубҳа мегузорад.

Дар санад такрори матнҳои гузоришҳои қаблӣ, маълумоти носанҷида дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасанд. Таҳиякунандагони гузориш ба ҷанбаҳои сершумори масъалаи мавриди баррасӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир накарда, вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварро асосан манфӣ арзёбӣ намудаанд.

Боиси нигаронист, ки дар санади мазкур саъю талошҳои кишвар дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таъмини амният ва пойдории сулҳу субот, ки бидуни он таъмини ҳуқуқи инсон ғайриимкон мебошад, бозтоб наёфтаанд.

Чунин гузоришҳо ҳар сол аз ҷониби Департаменти давлатӣ ба нашр расида, санади сирфан дохилӣ мебошанд. Ин гуна бархӯрд ҷавобгӯ ба сатҳи муносибатҳои дӯстона ва шарокати ду кишвар намебошад. Гузашта аз ин, кӯшишҳои мазкур ба принсипҳои муқаррарнамудаи Оинномаи СММ, аз ҷумла эҳтиром ба соҳибихтиёрии кишварҳо ва дахолат накардан ба корҳои дохилии кишварҳои дигар мухолифат мекунанд.

Бояд таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аксари паймонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонида, уҳдадориҳои байналмилалии худро дар чаҳорчӯби он санадҳо мунтазам иҷро менамояд. Қонунгузории соҳавӣ тадриҷан такмил ёфта, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, дафтарҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шудаанд ва бомуваффақият фаъолият доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон абзорҳои миллии арзёбии вазъи ҳуқуқи инсонро, ки бархе кишварҳои ҷаҳон якҷониба ва ба манзури таъсир расонидан ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои дигар ҳадафмандона ба кор мебаранд, ғайри қобили қабул ва мухолиф ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мешуморад.

Аз ин рӯ, аз Департаменти давлатии ИМА даъват мешавад, ки аз интишори маълумоти носанҷида ва беасос, ки ба вазъи воқеии волоияти қонун ва риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рабт надорад, худдорӣ намояд.

Тоҷикистон ба идома додани муколамаи ошкоро ва созанда бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ИМА дар масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ҳамеша омода аст”.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...