Дар Ӯзбекистон нахустин сирояти коронавируси COVID-19 муайян шудааст (навшуда)

Субҳи имрӯз, 15-уми март дар Ӯзбекистон нахустин ҳолати сирояти коронавируси COVID-19 тасдиқ шудааст. Ҳукумати Ӯзбекистон аз фардо, 16-уми март дар ҳамаи кӯдакистону мактаб ва донишгоҳҳои ин кишвар карантин эълон кардааст. Ӯзбекистон ҳамчунин аз фардо сарҳадоти худро баста, иртиботи ҳавоӣ ва автомобилиро бо кишварҳои дигар қатъ мекунад. “Субҳи имрӯз, 15-уми март, соати 06.00 дар озмоишгоҳи (лабораторияи) Институти вирусологияи ҷумҳуриявӣ зимни ташхиси […]

Субҳи имрӯз, 15-уми март дар Ӯзбекистон нахустин ҳолати сирояти коронавируси COVID-19 тасдиқ шудааст. Ҳукумати Ӯзбекистон аз фардо, 16-уми март дар ҳамаи кӯдакистону мактаб ва донишгоҳҳои ин кишвар карантин эълон кардааст. Ӯзбекистон ҳамчунин аз фардо сарҳадоти худро баста, иртиботи ҳавоӣ ва автомобилиро бо кишварҳои дигар қатъ мекунад.

“Субҳи имрӯз, 15-уми март, соати 06.00 дар озмоишгоҳи (лабораторияи) Институти вирусологияи ҷумҳуриявӣ зимни ташхиси шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз Фаронса баргашта буд, коронавируси COVID-19 муайян шудааст”, – изҳор дошт Баҳром Алматов, сарвари Агентии беҳдошти санитарию эпидемиологии назди вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Ҳукумати Ӯзбекистон дар ҳамаи кӯдакистону мактаб ва донишгоҳҳои ин кишвар аз фардо, 16-уми март расман карантин эълон кардааст. Ин таътил эҳтимол то 3 ҳафта давом мекунад. Дар ин бора имрӯз, 15-уми март сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт. Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус дар Ӯзбекистон чорабиниҳои оммавии наврӯзӣ гузаронида намешаванд, иттилоъ медиҳад хабаргузории UzA.

Ӯзбекистон сарҳадоти худро мебандад

Аз 16-уми март Ӯзбекистон иртиботи ҳавоӣ ва автомобилиро бо кишварҳои дигар қатъ мекунад. Ҳаракати қатораҳои роҳи оҳан низ баъд аз 3 рӯз баста мешавад.

Тибқи иттилои хабаргузории Kun.uz, имрӯз дар ин бора сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт.

Ба ҷуз ин, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Ӯзбекистон ва сафари шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷа манъ карда мешавад.

Тавре хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад, дар Ӯзбекистон омадани ду ҳавопайморо бо мутахассисосони соҳибтаҷрибаи мубориза бо коронавирус аз Чин мунтазиранд.

Дар ин кишвар аз 16-уми март маркази хизматгузорӣ оид ба коронавирус (call-марказ) ба кор оғоз мекунад. Бо масъалаҳои вобаста ба коронавирус аҳолӣ бевосита ба ин марказ муроҷиат карда метавонад.

Гуфта мешавад, Пажуҳишгоҳи вирусшиносии Ӯзбекистон то ҳол 4 нафари аз коронавирус сироятёфтаро ошкор кардааст: зани аз Фаронса баргашта бо 2 фарзандаш ва ҳамчунин 1 мусофире, ки аз Туркия омадааст.

Дар ин матлаб видеои YouTube аз саҳифаи Axborot uz истифода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.