Ӯзбекистон ба шаҳрвандони дар марз дармондаи Тоҷикистон иҷозаи гузаштан дод

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Яке аз муҳоҷирони дар сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон аз дирӯз дармонда ба хабарнигори “Азия-Плюс” шоми 16-уми март гуфт, ки марзбонони Ӯзбекистон ба онҳо иҷоза доданд, тавассути қаламрави ин кишвар то сарҳади Тоҷикистон раҳсипор шаванд.

“Наздики бегоҳ бароямон иҷозаи гузаштанро доданд. Ҳоло мошинҳо бо навбат аз сарҳад мегузаранд. Аллакай нисфашон равон шуданд. Умед дорем, ба ҳама иҷозат мешавад ва мо роҳамонро ба сӯйи Ватан давом медиҳем”, – гуфт ин муҳоҷири тоҷик.

Ин маълумотро ба “Азия-Плюс” модари як донишҷӯдухтари тоҷик, ки дар он минтақаи марзӣ буд, тасдиқ кард. Ин модар мегӯяд: “Як соат пеш духтарам бо 2 донишҷӯйи ҳамроҳаш хабар доданд, ки ба гузаштани онҳо иҷозат шудааст”.

Вай афзуд: “Онҳо аз Бишкек савори автобус то сарҳади Қазоқистону Ӯзбекистон омадаанд. Автобус онҳоро дар он ҷо партофта, рафтааст. Акнун онҳо маҷбуранд, ки бо таксиҳои ӯзбекистонӣ то сарҳади Тоҷикистон ва аз он ҷо ба хона биёянд”.

Муроҷиати вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандон

Вазорати корҳои хориҷии ҶТ имрӯз дар робита ба ҷорӣ шудани маҳдудияти вуруд ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон як муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон нашр кардааст:

Аз 16 марти соли 2020 бинобар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19), маҳдудияти ворид шудан ба хоки он ду кишвар ҷорӣ гардид.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар аз сафар ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла, сафарҳои транзитӣ дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.

Хотиррасон мекунем, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон қарор доранд, дар ҳолати зарурат метавонанд ба намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии мо муроҷиат кунанд:

Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон

Суроға: ш. Нур-Султон, мкр-н Чубари, кӯчаи Карасакал Еримбет, 15.

Тел: +7 7172 241315, +7 7172 240929

E-mail: [email protected]

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато

Суроға: ш. Алмато, к. Санаторная, 16.

Тел: 8107 (3272) 69 70 59, +77 77 588 3115

E-mail: [email protected]

Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

Cуроға: 700090, ш.Тошканд, к. А. Қаҳҳор, 61.

Тел: 810 (998712) 54 99 66, 810 (998712) 54 84 13

E-mail: [email protected]

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...