Парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбе ва Тошканд қатъ шуд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбе ва Тошканд то 27-уми март қатъ шудааст. Оё ин муҳлат тамдид хоҳад шуд ё не, алҳол дақиқ маълум нест, иттилоъ дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ӯзбекистон аз 16-уми март иртиботи ҳавоӣ ва автомобилиро бо кишварҳои дигар қатъ карда, сарҳадоти худро бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон бастааст. Муҳлати дубора боз шудани сарҳад ва барқарор кардани иртиботи заминӣ ва ҳавоӣ алҳол муайян нест.

Ин тасмимҳои ҳукумати Ӯзбекистон ба ошкор шудани 4 ҳолати сирояти коронавирус дар ин кишвар вобастаанд.

Тавре хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад, дар Ӯзбекистон омадани ду ҳавопайморо бо мутахассисосони соҳибтаҷрибаи мубориза бо коронавирус аз Чин мунтазиранд.

Пажуҳишгоҳи вирусшиносии Ӯзбекистон то ҳол чаҳор нафари аз коронавирус сироятёфтаро ошкор кардааст: зани аз Фаронса баргашта бо 2 фарзандаш ва ҳамчунин 1 мусофире, ки аз Туркия омадааст.

Дар ин кишвар аз 16-уми март маркази хизматгузорӣ оид ба коронавирус (call-марказ) ба кор оғоз мекунад. Бо масъалаҳои вобаста ба коронавирус аҳолӣ бевосита ба ин марказ муроҷиат карда метавонад.

Ҳукумати Ӯзбекистон дар ҳамаи кӯдакистону мактаб ва донишгоҳҳои ин кишвар аз имрӯз, 16-уми март расман карантин эълон кард. Ин таътил эҳтимол то 3 ҳафта давом мекунад. Дар ин бора 15-уми март сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус дар Ӯзбекистон чорабиниҳои оммавии наврӯзӣ гузаронида намешаванд, иттилоъ медиҳад хабаргузории UzA. Ҳамчунин баргузории дигар чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла, дар масҷидҳо муваққатан манъ карда шуд.

Ба ҷуз ин, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Ӯзбекистон ва сафари шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷа манъ карда мешавад.

Давоми амали карантин бозорҳо ба корашон идома медиҳанд. Ҳамаи навъи нақлиёти ҷамъиятӣ ҳар 4 соат бо маҳлулҳои махсус поккорӣ ё худ безарар (дезинфексия) гардонида мешаванд.

Бо дастури ҳукумати Ӯзбекистон, истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ 10 баробар зиёд ва содироти онҳо ба хориҷи кишвар манъ мешавад.

Нисбат ба соҳибкороне, ки дар ин давра беасос нархҳоро баланд мекунанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои қатъӣ меандешад.

Шахсоне, ки ҳангоми карантин маълумоти бардурӯғ ва носанҷидаро паҳн мекунанд, тибқи қонунгузории кишвар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Дар Ӯзбекистон ба баргузории консерт, мусобиқа дар варзишгоҳҳо, намоиши кино дар кинотеатрҳо ва дигар чорабиниҳои оммавии сериздиҳом муваққатан иҷоза дода намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...