Хадамот: 80 дирами ҳармоҳаро ширкатҳо пардохт мекунанд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Маблағи ҳатмии ҳармоҳа барои хизматрасонӣ ба рақам 80 дирамро худи ширкатҳои мобилӣ пардохт мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин хусус дастури махсус қабул шуда, он аз 1-уми майи соли 2020 мавриди амал қарор мегирад.

“Соли 2015 тасмим гирифта шуда буд, ки маблағи ҳармоҳа барои хизматрасонӣ ба рақам бевосита аз муштариён ситонида мешавад. Имсол тарзи ҷамъоварии маблағи пардохти ҳармоҳа бозбинӣ ва тағйир дода шуд: онро худи ширкатҳо пардохт мекунанд. Чунин қарор баҳри ҳимоят аз ҳуқуқи истеъмолгарон ва сабук сохтани шароити муштариён қабул шуд”, – хабар дод мутахассиси шуъбаи дастгирии ҳуқуқии Хадамоти зиддиинҳисорӣ Наргис Ёдгорӣ.

Ӯ таъкид кард, ки ситонидани маблағи ҳармоҳа барои хизматрасонӣ ба рақам бевосита аз муштариён ба меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” мутобиқ нест.

Аммо дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар доданд, ки худи қарори ситонидани маблағи ҳармоҳа барои хизматрасонӣ ба рақам қонунӣ мебошад.

“Дар бораи пардохти ҳармоҳа барои хизматрасонӣ ба рақам дар моддаи 31-и Қонуни ҶТ “Дар бораи алоқаи барқӣ” сухан меравад ва из ин рӯ, ин қонунист. Лекин дар қонун тартиби ҷамъоварии маблағ зикр нашудааст”, – иброз дошт Наргис Ёдгорӣ.

“Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ операторони алоқа ва истифодабарандагонро, ки таҷҳизоти ниҳоӣ доранд, бо тақсимот ва истифодаи самараноки рақамҳо таъмин менамояд. Рақамҳои алоқаи барқӣ ба операторон ва истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ дар асоси пардохти пулӣ дода мешавад. Миқдор ва тартиби пардохти истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ муайян карда мешаванд”, – омадааст дар моддаи 31-и Қонуни ҶТ “Дар бораи алоқаи барқӣ”.

Ба гуфтаи ӯ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз қарори ситонидани маблағи ҳармоҳа аз муштариён барои хизматрасонӣ ба рақам огоҳ карда шуда буд.

“Соли 2015 бо пешниҳоди Хадамоти алоқа ва иштирокчиёни бозор қарор шуд, ки маблағи пардохти ҳармоҳа аз муштариён гирифта шавад. Он замон ба мо мактуб фиристода, огоҳ карданд, ки маблағи ҳаромоҳаро аз муштариён меситонанд. Дар навбати худ Хадамоти зиддиинҳисорӣ тавсия дод, ки аз ин қарор муштариён 15 рӯз пештар огоҳ карда шаванд”, – посух дод ӯ ба суол дар бораи мувофиқа шудани қарори мазкур.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...