Соли 2019 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди $2,6 млрд пул гузарониданд

Соли 2019 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ 2 млрд 576 млн долларро ташкил дод. Дар ин бора Бонки марказии Русия хабар медиҳад. Дар муқоиса бо соли 2018 ҳаҷми интиқоли ин гуна маблағҳо 23 млн доллар афзудааст. Гуфта мешавад, маблағи як интиқоли пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта […]

Соли 2019 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ 2 млрд 576 млн долларро ташкил дод. Дар ин бора Бонки марказии Русия хабар медиҳад. Дар муқоиса бо соли 2018 ҳаҷми интиқоли ин гуна маблағҳо 23 млн доллар афзудааст.

Гуфта мешавад, маблағи як интиқоли пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта ба ҳисоби миёна ба 161 доллар баробар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта шахсони воқеӣ аз Тоҷикистон ба Русия 105 млн доллар пул фиристода, маблағи як интиқол 368 долларро ташкил додааст.

Маблағи зиёдтарро аз Тоҷикистон шахсони воқеӣ аз Русия танҳо ба Швейтсария (ҳудуди $5,9 млрд) ва Ӯзбекистон ($4,7 млрд) интиқол додаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон тайи се соли охир қариб дар як сатҳ боқӣ мемонад: соли 2018 шахсони воқеӣ 2 млрд 553 млн доллар маблағ фиристодаанд, ки 17 млн доллар зиёдтар нисбат ба соли 2017 мебошад.

Тибқи маълумоти гуногун, айни замон беш аз 1 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.