Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта 17 млн. доллар афзуд

Соли 2018 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ 2 млрд. 553 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 ба миқдори 17 млн. доллар зиёдтар аст, хабар медиҳад Бонки марказии Русия. Ин ба 35%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон баробар аст. Соли гузашта ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ каме бештар […]

Соли 2018 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ 2 млрд. 553 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 ба миқдори 17 млн. доллар зиёдтар аст, хабар медиҳад Бонки марказии Русия.

Ин ба 35%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон баробар аст. Соли гузашта ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ каме бештар аз 7 млрд. долларро ташкил дода буд.

Аз лиҳози ҳаҷми интиқоли пул аз Русия дар соли гузашта танҳо Швейтсария ва Ӯзбекистон аз Тоҷикистон пеш гузаштаанд.

Соли гузашта интиқоли маблағ ба Швейтсария дар ҳаҷми беш аз 9,1 млрд. доллар ва ба Ӯзбекистон ба маблағи умумии зиёда аз 4 млрд. доллар сурат гирифтааст. Дар муқоиса бо соли пешин соли 2018 ҳаҷми интиқоли пул ба Ӯзбекистон 100 млн. доллар афзудааст.

Ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Қирғизистон низ аз 2,2 млрд. дар соли 2017 то ба 2,4 млрд. доллар дар соли 2018 зиёд шудааст.

Интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ соли гузашта аз Русия ба Украина кам шуда, дар муқобили 750 млн. доллар дар соли 2017 то ба 498 млн. доллар дар соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2017 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 2 млрд. 536 млн. доллар маблағ интиқол дода буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.