Равуои қатораҳо байни Тоҷикистону Русия боздошта шуд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Русия равуои ҳама навъи қатораҳоро ба Тоҷикистон тариқи қаламрави Қазоқистон муваққатан манъ кард.

Дар торнамои Российские железные дороги (РЖД, Роҳҳои оҳани Русия) қайд мешавад, ки иртиботи роҳи оҳан бо Тоҷикистон бинобар маҳдуд шудани убури сарҳади Қазоқистон, ки ҳамаи хатсайрҳои роҳи оҳан байни Тоҷикистону Русия бо он мегузаранд, муваққатан боздошта мешавад.

“Дар қатораҳое, ки тариқи транзит қаламрави Қазоқистонро убур мекунанд, маъмулан шаҳрвандони Қазоқистон, ки ба хонаҳояшон бармегарданд ва шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки аз Қазоқистон берун мераванд, сафар карда метавонанд. Равуои қатора байни Русия ва Тоҷикистон барои шаҳрвандоне, ки дар Қазоқистон хешовандони наздик ё санади иҷозаи зист дар ин кишварро надоранд, ғайриимкон аст”, – омадааст дар хабар.

Дар бораи кай барқарор шудани равуои қатораҳо бо ин хатсайр маълумот дода нашудааст, лекин РЖД ваъда додааст, ки доир ба тағйирот дар ҷадвали ҳаракати қатораҳо вобаста ба маҳдудиятҳо иловатан хабар медиҳад.

Бар асари коронавирус Русия равуои қатораҳоро бо Қирғизистон, Чин, Австрия, Олмон, Италия, Кореяи Шимолӣ, Латвия, Муғулистон, Молдова, Украина, Фаронса, Чехия низ муваққатан қатъ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...