Истеҳсолгари асосии орд дар Тоҷикистон: Ягон асос барои ташвиш нест

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи орд дар Тоҷикистон – “Фаровон-1” овозаҳои кам шудани воридоти гандум ва истеҳсоли ордро беасос медонад.

“Гандум ба Тоҷикистон дар ҳаҷми кофӣ ворид мешавад ва барои ташвиш ягон асос вуҷуд надорад. Ҳамаи корҳои боркашонӣ бо тартиби муайяншуда ва маъмулӣ ҷараён доранд”, – қайд мешавад дар маълумоти хадамоти матбуоти ширкати “Фаровон-1”.

Гуфта мешавад, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал зери назорати қатъии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, барои дастгирии соҳа сохторҳои давлатӣ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

“Аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон боисрор дархост мекунем, ки орому беташвиш бошанд ва ба овозаву ҳангомаҳо аз рӯйи далелҳои носанҷида бовар накунанд”, – таъкид мешавад дар маълумоти ширкат.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба ошкор шудани ҳолатҳои сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон, ин кишвар аз 16-уми март сарҳадоти худро бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла, бо Тоҷикистон баст.

Тоҷикистон тариқи роҳи оҳани Ӯзбекистон аз Русия ва Қазоқистон бору маҳсулоти муҳим (маводи сӯзишворӣ, орду гандум ва ғайра) меорад.

Дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба “Азия-Плюс” қаблан хабар доданд, ки равуои мусофирон ва боркашонии транзитӣ бо роҳи оҳан бо реҷаи маъмулӣ ҷараён дорад.

Баъдан Хадамоти гумруки Ӯзбекистон расман тасдиқ кард, ки боркашонии маҳсулоти савдои хориҷӣ ва транзити бор тариқи қаламрави ин кишвар боздошта намешавад.

Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ҳар моҳ беш аз 7 ҳазор тонна орд ва наздики 50 ҳазор тонна гандум ворид мекунад, ки минбаъд дар корхонаҳои истеҳсоли орди ҷумҳурӣ коркард мешаванд.

Зиёда аз 90%-и орду гандуми воридотиро Тоҷикистон аз Қазоқистон меорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...