Русия ба муҳоҷирон тамдиди муҳлати патентро бе тарки қаламрави кишвар иҷоза дод

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Русия дар сомонаи расмии худ тартиби дароз кардани муҳлати ҳузури муваққатиро дар қаламрави ин кишвар барои шаҳрвандони хориҷӣ шарҳ дод.

Дар маълумот қайд мешавад, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, инчунин бо назардошти вазъи марбут ба паҳншавии коронавирус, аз 19-уми марти соли 2020 шаҳрвандони хориҷӣ муҳлати ҳузури муваққатии худро дар қаламрави Русия дароз карда метавонанд.

Барои ин муҳоҷиронро зарур аст, ки бо ариза дар шакли дилхоҳ ба наздиктарин мақомоти минтақавии ВКД Русия дар ҷойи зисти воқеии худ муроҷиат кунанд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ бе тарк кардани қаламрави Русия ва бе ҷалб шудан ба ҷавобгарии маъмурӣ барои риоя накардани муҳлати пешниҳоди ариза, метавонанд барои гирифтани патентҳои нав муроҷиат кунанд.

Қабули аризаҳо дар бораи додани иҷозатнома барои ҷалб ва истифодаи коргарони хориҷӣ ва иҷозатнома барои кори шаҳрвандони хориҷии дар қаламрави Русия қарордошта дубора шурӯъ мешавад.

Дар сурати ба охир расидани муҳлати Иҷозатнома барои зисти муваққатӣ (РВП) ва Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ)-и шаҳрвандони хориҷӣ, муҳлати ҳузури онҳо дароз карда мешавад.

Ғайр аз ин, ба шаҳрвандони хориҷӣ барои дароз кардани муҳлати ҳузури муваққатиашон дар Русия иҷоза дода мешавад.

Муҳлати амали раводиди шаҳрвандоне, ки бар асоси он ба Русия омадаанд, сарфи назар аҳ мақсади сафар, тамдид мешавад. Агар амали раводиди ҷорӣ аллакай ба охир расида бошад, муҳлати ҳузури муваққатӣ низ дароз карда мешавад. Он барои шахсоне ҳам дароз карда мешавад, ки ба Русия аз давлатҳое омадаанд, ки бо онҳо созишномаи реҷаи бераводид имзо шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...